Ҳушдори обуҳавошиносон аз боронҳои шадид

Shared to Facebook

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки рӯзҳои 19-20 апрел дар ҷумҳурӣ якуякбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, раъду барқ ва шамоли сахт пешбинӣ шудааст.

Ба маълумоти манбаъ, боришот асосан дар намуди борон дар  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон, дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд:

“Рӯзи 20 апрел дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боридани жола аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои 18-20 апрел дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с пешгӯӣ шуда, 18-19 апрел дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чангу ғубор ба амал меояд”, ҳушдор додааст Агентӣ.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хостааст, ки то ҳадди имкон дар ин рӯзҳо аз сафар аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, сайру гашт дар куҳистон, рафтан ба замбурӯғчинӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Тавсия дода шудааст, ки барои рӯй надодани ҳодисаҳои нохуш дар ин рӯзҳо шаҳрвандон ба обанборҳо наздик нашаванд ва чорвочаронӣ нараванд.

Ҳамчунин, Кумита ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот ва минтақаҳои кӯҳистонӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия додааст, ки телефонҳои мобилиро ҳамеша пур аз нерӯ нигоҳ доранд, лавозимоти тибии хонаашонро навсозӣ ва пур кунанд ва системаҳои равшанидиҳии иловагӣ харидорӣ намоянд.

Кумита бо мақсади пешгирии оқибатҳои сел аз аҳолӣ хоста мешавад, ки заҳбуру обпартоҳои дар наздикии манзили зисташон ҷойгиршударо тоза кунанд.

КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагони мошинҳои дорои тирезаҳои сиёҳшуда даъват мекунад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд кунанд. Ба ҳамаи қоидаҳои ҳаракати роҳ, махсусан ба меъёри суръат риоя намоянд.