Бохти сеюми “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё

Shared to Facebook

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бозии сеюмашро ҳам дар марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 бохт. Рақиби навбатии дастаи душанбегӣ рақиби порсолааш “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ буд.

Даври сеюми мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ шаби 15-ум ба 16-уми апрел дар шаҳри Риёз, дар варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд, баргузор шуд. Ягона голи бозиро, ки барои “Ал-Ҳилол” ғалабаовар буд, капитани он даста дар дақиқаи 52-юм аз назди дарвоза ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тариқ, “Истиқлол” дар мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар гурӯҳи “А” бори сеюм шикаст хӯрд. Қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар даври аввал аз бошгоҳи “Ал-Райан”-и Қатар бо ҳисоби 2:3 ва дар даври дуюм аз тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд, ҳоло дар ҷадвали сабқати гурӯҳи “А” бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор дорад.

“Ал-Ҳилол” бошад, аз ин пеш бар “Шарҷа” бо ҳисоби 2:1 ва “Ал-Райан” бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд ва дар ҳамин ҳол дар ҷадвали ин гурӯҳ бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал аст.

“Шарҷа” ва “Ал-Райан” бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб шудаанд.

Даври чаҳоруми мусобиқа дар гурӯҳи “А” рӯзи сешанбеи 19-уми апрел доир гардида, “Истиқлол” бо “Ал-Ҳилол” ва “Ал-Райан” бо “Шарҷа” бозӣ мекунанд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи Ғарб дар Арабистони Саудӣ то рӯзи 27-уми апрел идома ёфта, аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ, ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.