Таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи назоратӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла вазъи ҷинояткорӣ, таъмини амният, пешгирии коррупсия ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳисоботи Прокурори шаҳр, Раиси суд, сардорони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Раёсати минтақавии гумрукӣ, Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе шунида шуданд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони ниҳодҳо оид ба пешгирии ҷиноят, бахусус байни ноболиғон, ҷиноятҳои хусусияти ахлоқӣ дошта, ғасби замин, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, инчунин бартарафсозии коррупсия супоришҳои қатъӣ доданд. Дар анҷом, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки барои паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва таъмини фазои орому осоишта тамоми имкониятҳо истифода шаванд.
Манбаъ: Шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе