“Масъалаи Афғонистон торафт хатарзо мегардад ва беаҳамиятӣ зоҳир намудан ба он иштибоҳи бузург хоҳад буд. Ин масъаларо мо бояд дар ҳамгироии дастаҷамъона мавриди баррасӣ қарор диҳем ва қарорҳои қатъӣ барорем”, — изҳор доштаанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзи 21 июл дар Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор гардид.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, вазъият дар Афғонистон тамоили минбаъд бадшавиро дошта, рӯйдодҳои айни замон дар он кишвар ҷараёндошта метавонанд натанҳо ба Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонанд. Онҳо метавонанд ба тағйироти геополикии тавозун ва неру дар тамоми минтақаи авруосиёӣ боис гарданд, менависад АКИpress.
“Раҳбарияти “Толибон” тайи муддати гузашта барои мутақоид кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аҳолии Афғонистон ба қонунӣ будани ҳукумати худ, тавоноии назорат болои вазъият дар кишвар ва таъмини амнияти шаҳрвандон, инчунин ҳаллу фасли мушкилоти бамиёномадаи иҷтимоиву иқтисодӣ чорае наандешидааст.
Баръакс, бар хилофи ваъдаҳо, Толибон бо ҳар роҳ ба таъсиси ҳукумат бо иштироки васеи тамоми нерӯҳои сиёсӣ ва этникӣ монеъ мешаванд”, — гуфтаанд Президент.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, маъмурияти харакати Толибон дар шакли ҳозирааш аз уҳдаи ҳалли масоили идоракунии кишвар намебарояд:
“Дар ҳамин ҳол, Толибон сиёсати таҷовузкоронаи табъиз алайҳи гурӯҳҳои мухталифи этникӣ ва консерватизми шадиди мазҳабиро роҳандозӣ кардаанд”, — изҳор доштаанд Президент.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба изҳороти чанде қабли роҳбарияти “Толибон” дар бораи дар Афғонистон бекор кардани тамоми санадҳои қонунгузорӣ ва нияти дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии афғонҳо ба таври умумӣ ҷорӣ кардани қонунҳои шариат ҷалб намуданд.
Ёдрас мекунем, роҳбарияти олии Тоҷикистон борҳо изҳор доштанд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама, тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад. Аз ҷумла, 25 августи соли 2021 Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳмуд Қурайшӣ гуфтанд, “Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард”. Таъкид гардида буд, ки тоҷикон дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.
Ҳамчунин, дар мулоқотҳои ҷудогона бо Сарвазири Покистон Имрон Хон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ, ки 17-18 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор гардиданд, таъкид шуд, ки “дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд” ва “таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистон омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон аст”.
Дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки охирҳои моҳи сентябр баргузор гардид, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешорӯи ҷомеаи ҷаҳон гуфтанд, “тоҷикони Афғонистон, ки беш аз 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳои ин кишвар, ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд”.
Ҳамзамон ба ин, Тоҷикистон борҳо эълон кардааст, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунад, аммо бар ин бовар аст, ки “барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад”. Зеро таъсиси ҳама гуна ҳукумат бидуни ба эътибор гирифтани манфиатҳои кулли мардуми Афғонистон метавонад боиси оқибатҳои фалокатбор дар ин кишвар гардад.
Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин аз таҳмили идеологияи радикализми динӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронӣ карда, онро хатари ҷиддӣ номиданд:
“Таҳмили идеологияи ниҳоят харобиовари радикализми динӣ дар Осиёи Марказӣ мушкилоти ҷиддӣ мебошад. Хавфноктарин барои ҷомеаи мо тамоюли таҳкими мавқеи салафия ва ваҳҳобия аст”, — таъкид кардаанд Сарвари давлат.
Ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон, неруҳои мухталиф тарҳрезӣ кардани ноором сохтани вазъ дар минтақаи Осиёи Марказиро идома медиҳанд:
“Рӯйдодҳои ахири кишварҳои мо гувоҳӣ медиҳанд, ки неруҳои мухталиф то ҳол нақшаҳои ноором сохтани суботи минтақаро дар сар доранд”, — гуфтаанд Президент.
Ба гуфти Сарвари давлат, ин ҳодисаҳо нишон доданд, ки неруҳои муайян, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш доранд, ки шаҳрвандонро ба тазоҳуроти эътирозӣ таҳрик диҳанд.