Раҷаббой Аҳмадзода: Тоҷикистон як ваҷаб заминашро намедиҳад

Shared to Facebook

Тоҷикистон мисли пештара бар ин аст, ки “на як ваҷаб заминашро медиҳаду на як ваҷаб замини бегонаро мегирад”. Дар ин бора Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи гузашта дар нишасти хабарияш изҳор дошта ва афзудааст, гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон бар сари таъин ва аломатгузории марз дубора оғоз мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки комиссияи байниҳукуматии таъину аломатгузории марз баъди тасдиқ шудани кобинаи нави ҳукумати Қирғизистон аз моҳи марти имсол кори худро оғоз кунад.

Бино ба гузориши “Азия-Плюс”, Раиси вилояти Суғд таъкид кардааст, Тоҷикистон мисли пешин бар ин мавқеъ аст, ки мехоҳад ҳамаи мушкилии вобаста ба марзро ҷонибҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал кунанд. Ӯ бо ишора ба ҳамсоядории чандинсолаи халқҳои тоҷику қирғиз гуфтааст, аз як обу ҳаво нафас мекашем ва ҳамдигарро иззату эҳтиром мекунем.

“Мо ягон ваҷаб заминро намедиҳем ва ягон ваҷаб замини бегона ҳам ба мо даркор нест. Баҳсҳое, ки байни сокинони деҳаи Оқсой ё Воруху Чоркӯҳ ҳастанд, инҳо баҳсҳои хоҷагӣ аст. Мумкин роҳи обро дигар мекунанд ё ягон дарахтро ноҷо мешинонанд, ин дар салоҳияти ду раиси ҷамоат, ду нозири минтақавӣ ва раисони шаҳрҳо аст ва имрӯз ҳаллу фасл шуда истодааст. Дар Ворух 40 ҳазор аҳолӣ зиндаги мекунад, асрҳои аср роҳ барои мардум буд, роҳ роҳи Тоҷикистон аст, роҳи мадуми Ворух аст. Ворух анкалав нест. Мо ҳаминро ба ҳамсоя фаҳмонида дода истодаем, ки намехоҳем имрӯз ноҳақ ба сокинони мо халал расонанд. Мо, албатта, амнияту осудагии мардумамонро таъмин мекунем”,-таъкид кардааст Аҳмадзода.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло он ҷойҳои баҳсие, ки ҳастанд, аз ҷониби сарҳадбонҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ, ҷамоатҳои Ворух, Чоркӯҳ, Сурх, мақомоти иҷроияи Исфара бо роҳбари шаҳри Бодканд ва ҳам роҳбарони ҷамоатҳои кишвари ҳамсоя тариқи гуфтушунид ҳал шуда истодаанд:

“Ман боварии комил дорам, ки имрӯз ягон ваҷаб замини ҳамсоя ба мо лозим нест ва мо низ ягон ваҷаб заминро ба касе намедиҳем. Мо мехоҳем бо кишвари ҳамсоя дӯстӣ кунем ва як ҳаворо ҳамроҳ нафас мекашем. Як обро ҳам сокинони Қирғизистон мехӯрад ва ҳам сокинони Тоҷикистон. Мо бароии манфиати миллӣ, барои ҳимояи марзу бум ҷонамонро медиҳем”, — афзудааст ӯ навиштааст «Азия-Плюс».

Раиси вилояти Суғд афзудааст, бовар дорад, ки масъалаҳои вобаста ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон тариқи гуфтушунид марҳила ба марҳила ҳалли худро меёбад.