Санаи 25 июли соли 2025 бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории “Помиринвест-2025” баргузор карда шуд.
Ҳадафи асосии Форум ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти саноатӣ, густариши содирот, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва шабакаҳои коммуникатсионӣ мебошад.
Дар кори Форум беш аз 200 иштирокчӣ – роҳбарон ва намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатӣ, сармоягузорон ва шарикони рушд аз Британияи Кабир, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон ва соҳибкорони ватанӣ ширкат варзиданд.
Дар қисмати расмии Форум Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Азиз Назар, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршедаи Қодир, муовини директори Агентии содирот Ҷамолзода Абдуғаффор, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Фаррух Султонов, Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон, Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уикер ва дигар меҳмонон доир ба имкониятҳо ва афзалиятҳои сармоягузорӣ суханронӣ намуданд.
«Новобаста аз мушкилоти ҷуғрофӣ ва масоҳати ками заминҳо, Бадахшон дорои захираҳои зиёди истифоданашуда мебошад. Дар се соли охир ба иқтисодиёти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон зиёда аз 7,3 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ ҷалб гардидааст. Шумораи лоиҳаҳо ва ҳаҷми маблағгузорӣ ҳамасола меафзояд. Ин ба туфайли дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид», — зикр намуд Раиси вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот.
Чорабинӣ дар се панели муҳокимавӣ таҳти унвони “Имкониятҳо ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ВМКБ”, “Ташкили корхонаҳои коркарди сарватҳои зеризаминӣ дар доираи солҳои рушди саноат (2022–2026)” ва “Рушди иқтидори содиротии ВМКБ” идома ёфт.
Дар доираи Форум, инчунин намоиши маҳсулоти саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мулоқотҳои байни мақомоти давлатӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар сиғаи В2G ва В2В баргузор гардид.
Дар натиҷа байни доираҳои бахши давлатӣ ва хусусӣ 46 санади ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 650 млн сомонӣ дар соҳаҳои сохтмон, кишоварзӣ, саноати коркард, варзиш ва сайёҳӣ ба имзо расид.
Муфассал дар: investcom.tj