Ташкили 14 парвози изофӣ ба Русияву Белорусия

Shared to Facebook

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар моҳи июли имсол боз 13 парвози ғайринақшавӣ (чартерӣ)-ро аз/ба Русия барои овардани шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз он кишвар ба нақша гирифтаанд.

Вазорат гуфт, ин парвозҳо, ки ҳоло бо ҷониби Русия ҳамоҳанг шуда истодаанд, “бо дарназардошти теъдоди ниҳоят зиёди муроҷиати шаҳрвандон ҷиҳати бозгашт ба Ватан, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавируси нав” амалӣ карда мешаванд.

Тавре қаблан хабар дода шуд, дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Москва ва консулгариҳои генералии кишвар дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа аз 19 июни соли 2020 комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, барӯйхатгирии шаҳрвандон барои бозгашт ба Тоҷикистон сурат мегирад.

“Дар раванди танзими парвозҳои мазкур авлавият ба табақаҳои осебпазир, пеш аз ҳама беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Русия рафта буданд, дода мешавад”.

Вазорат гуфт, бо дарназардошти он ки теъдоди муроҷиатҳои бақайдгирифташуда дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа аз зарфияти 21 парвози банақшагирифташуда дар моҳи июл чанд маротиба бештар аст, муваққатан барӯйхатгирии шаҳрвандон ба таври мустақим дар биноҳои Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия қатъ шуда, қабули аризаҳо тариқи почтаи электронии charter-russia@mfa.tj идома дорад.

Ҳамчунин ВКХ Тоҷикистон феҳристи парвозҳои чартерии изофииро нашр кард, ки баъди дастрас намудани ризояти мақомоти марбутаи Русия анҷом дода мешаванд:

3 июли 2020 (баргашт субҳи 4 июл) бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;

4 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Хуҷанд, ширкати “Сомон Эйр”;

7 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;

9 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;

11 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;

16 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;

18 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;

20 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;

22 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;

24 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;

26 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Краснодар – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;

28 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;

30 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷӣ эълон кард, ки бо мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз Украина ва Белорусия тибқи дастури Ҳукумати ҷумҳурӣ 10 июл танзими парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар масири Душанбе-Минск-Душанбе ба нақша гирифта шудааст:

“Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ имкон доранд, бо ҳавопаймои мазкур ба Минск парвоз намоянд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Беларус ва Украина метавонанд муроҷиат кунанд”,-эълон кард ВКХ Тоҷикистон.

Мушаххасоти сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Сафорати Тоҷикистон дар Беларус

Тел: +375 17 549 01 83

Е-mail: tajembminsk@mfa.tj

Сафорати Тоҷикистон дар Украина

Тел: +380950162777

E-mail: tajembkyiv@mfa.tj