Ҷазо барои таҷлили зодрӯзу тӯй, маросими дафн ва зиёрати ҳоҷӣ сахт шуд

Shared to Facebook

Дар Тоҷикистон расман идгардак ва воридот, фурӯш ва пӯшидани “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд. Ғайр аз ин, ҷарима барои поймол кардани талаботи қонун оид ба ҷашну маъракаҳое ба мисли пешвозу гусели ҳоҷиён, тӯйи домодию арӯсӣ, зодрӯз, хатнасур ва дафну азодорӣ сангинтар гардид. Лоиҳаи нави Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар нашрияи расмии “Ҷумҳурият” нашр шуда, ҳукми қонунӣ пайдо кард.

Тибқи моддаи 9-и тарҳи нави қонуни мазкур, дар рӯзи идҳои Рамазон ва Қурбон “дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва тӯҳфаҳои дигар (идгардак) манъ аст”.

Тибқи моддаи 18-и тарҳи нави қонун бошад, “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо” манъ гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, дар тарҳи нави Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” акнун барои вайрон кардани қонуни мазкур ҷазои ҷиноӣ низ пешбинӣ гардидааст. Қаблан дар сурати нақзи қоидаҳои танзим, танҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда буд.

Ғайр аз ин, ҷарима барои нақзи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” сангинтар гардид: аз 8 ҳазору 640 сомонӣ (ҳудуди 800 доллар) то ба 216 ҳазор 000 сомонӣ (ҳудуди 20 ҳазор доллар).

Барои нақзи муқаррароти қонун дар мавриди ҷашни зодрӯз, хатнасур, маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, дафну азодорӣ ва мавлудхонӣ:

Шаҳрвандон: 8 ҳазору 640 сомонӣ ҷарима

Мансабдорон: 25 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима

Барои нақзи талаботи қонун оид ба тӯйи домодию арӯсӣ, теъдоди меҳмонҳо ва замони баргузории ҷашну маросим:

Шаҳрвандон: 15 ҳазору 840 сомонӣ ҷарима

Мансабдорон: 39 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима

Барои нақзи меёри қонун доир ба тартиби гуселу пешвози ҳоҷиён (фарзӣ ва умра), ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва тақсими тӯҳфаҳо, оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо:

Шаҳрвандон: 21 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима

Мансабдорон: 57 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима

Ҷаримаи ҳунармандон, молики тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхона барои риоя накардани шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо: аз 21 ҳазору 600 то 108 ҳазор сомонӣ ҷарима.

Дар тарҳи пешина барои нақзи талаботи қонуни танзим барои шаҳрвандон 550 нишондиҳанда (39 ҳазору 600 сомонӣ) ва барои мансабдорон 800 нишондиҳанда (57 ҳазору 600 сомонӣ) ҷарима муайян шуда буд.

Барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзим аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин бошад, ба андозаи 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (54 ҳазор сомонӣ) ҷарима таъин шуда буд. Акнун дар тарҳи нав нақзи қонуни танзим таснифбандӣ шуда ва миқдори ҷаримаҳо низ мушаххас гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагон — палатаи поёнии парламенти Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард, ки он “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” ва дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон “исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак)”-ро манъ мекунад.

Он замон раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар ҳузури вакилон ҳадафи ин тағйиротро “беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон” номид. Раиси Шӯраи уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода низ дар як баромади худ дар ТВ “Тоҷикистон” аз тарҳи ин қонун ҳимоят карда, гуфт, либоси миллӣ ҳам бояд мувофиқи муқаррароти ислом бошад.

Коллажи “Азия Плюс”