Мақомоти милитсияи вилояти Хатлон аз боздошти 18 фолбину ҷодугар ва ҷинбарору мушкилкушо хабар доданд, ки “бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт ба мардумфиребӣ машғул буданд”. Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ин афрод дар ҷараёни баргузории маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ва амалиёти санҷишӣ ошкор ва дастгир карда шуданд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки барои ошно кардани аҳолӣ бо чеҳраи фолбинону ҷодугарон ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани онҳо пайваста рейду амалиётҳо мегузаронад, то шаҳрвандони гумроҳ ба доми фиребу макри онҳо наафтанд.
Ба иттилои РВКД, ҳамаи фолбинону ҷодугарон ҳафтаи сипаришуда дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят бозошт шуданд. Инҳо;
— Абдуллоев Ҳабибулло Мусовирович, соли таваллудаш 1966, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Кушониён, ҷамоати деҳоти Заргар, деҳаи Орҷоникидзе;
— Гадоева Гавҳарбӣ, соли таваллудаш 1978, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Лолазор;
— Мавлянова Замира, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Бохтар, маҳаллаи Саричашма;
— Худоёрова Рузиой, соли таваллудаш 1986, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳритус, деҳаи Устокорон;
— Юнусов Ҳайдар, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Низомӣ;
— Муратова Шоира, соли таваллудаш 1974, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти Н.Хусрав, деҳаи Арабхона;
— Наврузов Шариф, соли таваллудаш 1963, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳун, деҳаи С.Вализода;
— Мирзохонова Ҳанифа, соли таваллудаш 1961, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳаи Ғаллаобод, деҳаи Ҳақиқат;
— Сарматов Ашур Эргашович, соли тавалудаш 16.03.1970, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи А.Ҷомӣ;
— Раҷабова Гулдаста, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, деҳаи Истиқлол;
— Сафаралиева Раиса, соли таваллудаш 1953, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, кӯчаи Холиқов;
— Тағоева Шаҳло, соли таваллуд 1971, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Н.Хусрав, деҳаи Олтинсой;
— Чуянова Ҳиҷронбӣ, соли таваллудаш 1975, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зарбдор будаанд.
“Зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардид, ки мутаассифона, қисме аз ин тоифаи мардумфиреб ва каҷрафтор худро ҳамчун табиби халқӣ муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт ба мардумфиребӣ машғул мебошанд”, — гуфтааст РВКД дар вилояти Хатлон.
Ба иттилои ин ниҳод, аз хонаи дастгиршудагон як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду, фолбинӣ ва гарму хунуккунӣ истифодашаванда, инчунин расму суратҳои шаҳрвандон, роҳбарони корхонаву муассиса ва ташкилоту ширкатҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
Милитсияи Хатлон мегӯяд, “дар асл нафарони болозикргардида ягон дониши тиббиву динӣ надошта, танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои ба даст овардани маблағҳои пулӣ даст ба ин кирдорҳои мардумфиребона мезадаанд”.
Аз ин қаблтар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар дода буд, ки дар ҷараёни баргузории маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ва амалиёти санҷишӣ якчанд ҳолатҳои мардумфиребонаи ин тоифа афроди қаллоб ошкор ва шахсони зерин боздошт шудаанд:
Раҳим Ибрагимов (бо тахаллуси Домулло Абдураҳим), 66-сола, сокини деҳаи Гулзори ноҳияи Кӯшониён;
Наргис Қурбонова, 50-сола, сокини шаҳри Левакант;
Идимоҳ Назарова, 59-сола, ҳамчунин сокини шаҳри Левакант;
Холдан Кулчакова, 66-сола, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ;
Наргис Ғоибназарова, 50-сола, сокини ҷамоати шаҳркаи Фархори ноҳияи Фархор.
“Аз манзилҳои номбурдагон як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд. Зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардид, ки дастгиршудагон ба сеҳру ҷоду машғул буда, мардумони зиёдеро ба доми фиреби худ кашидаанд”, — гуфта мешуд дар хабари Раёсат.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудаааст.
Мувофиқи ин модда, ин афрод ба сифати ҷазо дар ҳаҷми аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда — 72 сомонӣ) ҷарима шуда метавонанд. Дар сурати такрор шудани ин амалҳо дар муддати як соли пас аз гирифтани ҷазои маъмурӣ, ҳаҷми ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд шуда метавонад.
Ҳамзамон онҳо барои минбаъда ба ин амал мардумфиребона машғул нашудан ба таври қатъӣ огоҳонида шудаанд.