Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рӯзҳои 17-18 август идома ёфт. Дар ин рӯзҳо Сарвари давлат дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ як қатор иншоотҳои навро ба истифода супорида, ҳамчунин бо роҳбарон ва фаъолони вилоят мулоқот карданд.
Нахуст, Президент рӯзи 17 август дар шаҳри Хоруғ ҶДММ “Суман”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо рафти истеҳсолот шинос гардиданд.
Ин корхона, ки бо истифода аз технологияи муосири соҳавӣ ба истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ машғул аст, имкон дорад, ки дар як рӯз то 80 метри мураббаъ ва дар як моҳ то 2400 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол намояд.
Президент зимни боздид саҳмгузории соҳибкорони маҳаллиро дар рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ намунаи ибрату қобили дастгирӣ хонда, барои равнақ додани фаъолияти корӣ дар оянда ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилоят боздид намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 75,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар ҳудуди вилоят феълан 88 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, корҳо дар самти таъсиси корхонаҳои саноати нассоҷӣ, металлургияи рангаву сиёҳ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва мошинсозӣ идома дорад.
Гуфта шуд, то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят сохтмону ба истифодадиҳии 92 корхонаи дигари саноатӣ бо 1440 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шудааст.
Президент барои расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошташуда, аз ҷумла зиёд намудани теъдоди корхонаҳои саноатӣ, мавриди коркарди пурра қарор додани ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулин дастуру супоришҳои махсус доданд.
Дар идома, рӯзи 17 август Сарвари давлат дар шаҳри Хоруғ Беморхона ва дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти хизматрасонии он шинос гардиданд.
Беморхонаи 4-ошёна дорои 36 ҳуҷра, аз ҷумла, 11 ҳуҷра бо 21 кати хоб буда, аз шуъбаи ҷарроҳӣ, бахшҳои терапевтӣ, табобати дандон, асаб, гӯшу гулӯ ва бинӣ иборат буда, муассисаи тиббӣ бо нақлиёти махсуси ёрии таъҷилӣ иборат мебошад. Беморхона дар баробари расонидани кумаки тиббӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамчунин ба кормандони дигар бахшу сохторҳои қудратӣ ҳам хизмат мерасонад. Сокинони кӯчаҳои гирду атроф низ метавонанд барои машварату муоина ва муолиҷа ба ин муассиса муроҷиат намоянд.
Президент зимни боздид масъулинро вазифадор намуданд, ки барои муолиҷаву табобати беморон хизматрасонии босифатро ба роҳ монда, имкониятҳои фароҳамоварашударо барои таъмини солимии ҷомеа самаранок истифода баранд.
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хоруғ Сарвари давлат ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ “Сандал” оғоз бахшиданд, ки аз тарафи соҳибкор Аъзамҷон Аҳруллоев сохта шуда, таҳти унвони “ЯК” маҳсулот истеҳсол мекунад.
Президент зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар коргоҳ, ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардида баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаи пойафзолбарориро дар минтақаҳои дурдасти кишвар заминаи хуби татбиқи панҷсолаи рушди соҳаи саноат арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки корхонаи “Сандал” дар ВМКБ ягона буда, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар шаҳру ноҳияҳои кишвар харидорони худро дорад. Ҳоло маҳсулоти тайёри корхона ба бозорҳои шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон содирот гардида, ивазкунандаи воридот мебошад.
Президент зимни боздид аз намоиши маҳсулоти истеҳсолии коргоҳ, аз дастгирӣ ёфтани сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Сарвари давлат дастур доданд, ки минбаъд низ ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи амиқ зоҳир карда, бо зиёд намудани ҳаҷми он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот саҳми муносиби худро гузоранд.
Ҳамчунин, рӯзи 17 август Сарвари давлат дар шаҳри Хоруғ коргоҳи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулоти ин корхона боздид намуданд.
Иқтидори солонаи коргоҳ истеҳсоли зиёда аз 4 ҳазор мебел буда, дар оянда бо роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба бо корхонаву муассисаҳои давлатӣ ҳаҷми истеҳсолот зиёд карда мешавад.
Корхона беш аз 20 навъи мебел, аз ҷумла мебелҳо барои хона, ҳуҷраҳои корӣ, мизу курсӣ барои муассисаҳои таълимӣ, рахти хоб барои марказҳои саломатӣ омода менамояд.
Президент зимни боздид аз ин коргоҳ ба ташаббускорон изҳори миннатдорӣ намуда, ба фаъолият шуруъ намудани онро шаҳри Хоруғ қадами муҳим дар самти рушди саноат дар ин минтақаи дурдаст номиданд.
Рӯзи 17 август дар шаҳри Хоруғ Сарвари давлат ҳамчунин бинои истиқоматии 12-ошёнаро мавриди истифода қарор доданд. Ин бино бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмини кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Хоруғ бо манзили хизматӣ бунёд гардидааст.
Иншоот аз ду бинои асосии 12-ошёна ва 66 манзили ду ҳуҷрагӣ ва 22 хонаи якҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Президент аз дохили хуҷраҳои истиқоматӣ боздид намуда, ба сохтмончиён барои бо сифати баланд бунёд кардани хонаҳо баҳои баланд доданд.
Сарвари давлат афсаронеро, ки соҳиби хона шуданд, барои хизмати содиқонаву софдилона бар нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.
Дар баробари оилаҳои хизматчиёни ҳарби, ҳамчунин 12 оилаи зарардидаи шаҳри Хоруғ, ки хонаҳои истиқоматияшон дар фасли зимистон дар натиҷаи тармафароӣ пурра хароб гардида буд, соҳиби хона шуданд.
Президент гуфтанд, бо шарофати истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон қодир аст, то дар ҳолатҳои фавқулодда ва табииву техногенӣ аҳолии кишварро таҳти ҳимоя ва ғамхории ҳамаҷонибаи худ қарор диҳад.
Ҳамон рӯз дар маҳаллаи Хоруғи Боло бинои дуюми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ба истифода супорида шуд. Тибқи лоиҳа, муассисаи таълимӣ аз се бино иборат буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои якуми мактаб 21 августи соли 2020 ифтитоҳ ёфта буд.
Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба коргарону сохтмончиён барои анҷоми муваффақонаи кор дар муҳлати муайяншуда изҳори сипос намуданд. Президент зимни шиносоӣ бо шароити муассисаи таълимӣ толибилмонро ба истифодаи босамари имкониятҳои фароҳамовардашуда ва омӯзиши амиқи илму донишҳои замонавӣ ҳидоят карданд.
Президент баъди ифтитоҳи бинои нави мактаб дар ҳамин ҷо бо тарҳи бунёди ду муассисаи таълимии дигар ва Беморхонаи марказии шаҳр шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки мактаби рақами 4 барои 240 хонанда пешбинӣ гардида, дар заминаи бинои мактаби кӯҳна, ки соли 1938 ба тариқи ҳашар сохта шуда буд, бунёд мегардад.
Муассисаи таълимии рақами 6 бошад, барои 430 хонанда пешбинӣ гардида, дар заминаи мактаби кӯҳнаи Маҳаллаи Носири Хусрав, ки соли 1928 ба тариқи ҳашар бунёд ёфтааст, сохта мешавад.
Президент дар ҳамин ҷо ҳамчунин бо лоиҳаи бунёди Беморхонаи марказии ВМКБ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд.
Тибқи лоиҳа, беморхона аз 6 ошёна иборат буда, он бо дарназардошти талаботи муосири соҳавӣ бунёд мешавад.
Сарвари давлат ба масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин ба ташкилоту идораҳои сохтмонӣ дастур доданд, ки иншоот дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд сохта, мавриди истифодаи мардум қарор дода шавад.
17 август дар доираи сафари корӣ Президент дар шаҳри Хоруғ Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлиро ифтитоҳ намуданд, ки аз ҷониби роҳбари ҶДММ “Помир-энергосервис” Абдулатиф Амонуллоев бунёд гардидааст.
Дар корхона истеҳсоли куттиҳои барқӣ, дарвозаҳои оҳанин, асбобҳои рӯзгор, сутунпояҳои чароғҳои равшандиҳанда, таҷҳизот барои сутунпояҳои хатҳои интиқоли баландшиддати барқ ва садҳо номгӯйи таҷҳизоти зарурӣ, ки аз тахтаҳои оҳанин фармоиш дода мешавад, истеҳсол мегардад.
Президент барои бунёди корхонаи истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба соҳибкори ватанӣ баҳои баланд доданд.
Худи ҳамон рӯз Президент бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияташон маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ мулоқот карда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.
Ба ятимон аз ҷониби Сарвари давлат дастархони идона ороста шуда, ҳамчунин, маҷмуйи сару либос, кӯмаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.
Президент зимни суҳбат бо кӯдакону наврасон онҳоро барои таҳсили хубу аъло, андухтани дониши замонавию касбу ҳунар ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону ниёзмандон тавваҷҷӯҳи ҳамаҷониба равона месозад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 август дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми шаҳру ноҳияҳои ВМКБ мулоқот карданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “мо асри 21-ро асри рушду тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон намуда, тамоми тадбирҳоро амалӣ карда истодаем”.
Зикр гардид, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1000 иншооту биноҳои нав ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ба истифода супорида шудааст. Ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлол бунёду азнавсозии қариб 1200 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст ва то ба имрӯз корҳои сохтмони беш аз 260 иншооту биноҳо ба маблағи зиёда аз 700 миллион сомонӣ ба анҷом расидаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ барои мардуми вилоят ҷиҳати бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, то имрӯз беш аз 200 километр роҳ, 1 нақб ва 25 пул ба истифода дода шудааст. Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст ва ҳамзамон бо ин, боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардуми вилоят 33 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар доираи 16 лоиҳа ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома доранд.
Дар маҷмӯъ, барои таъмин намудани рушди шаҳру ноҳияҳои вилоят тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 23 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин давра танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят 5,7 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмин намудани ҳадафҳои стратегии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳаллӣ амалӣ шуда истодаанд, ки дар доираи онҳо татбиқи 808 лоиҳа ба маблағи беш аз 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Президент зарур шумурданд, ки роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, кишоварзон ва тамоми шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла сокинони ВМКБ ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёр доштаашонро самаранок истифода бурда, ҷиҳати бо маҳсулоти босифат таъмин намудани бозори дохилӣ, аҳли оилаи худ ва захира намудани маводи ғизоӣ барои ду сол мунтазам кӯшиш намоянд.
Сарвари давлат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарону мутахассисони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар супориш доданд, ки доир ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати “Помир энерҷи” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода шуд, ки ҳамкориро бо шарикони рушд ва сармоягузорон ҷиҳати бунёди неругоҳҳои хурди барқи обӣ, инчунин, офтобӣ ва бодӣ тақвият бахшида, барои 100 фоиз бо неруи барқи доимӣ таъмин намудани аҳолии вилоят чораҷӯӣ намоянд.
Зимни таҳлили вазъи иҷтимоӣ Президент иттилоъ доданд, ки дар 20 соли охир ба соҳаи маорифи вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ 1,7 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Аз ҷумла, дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 146 муассисаи тиббии нав бунёд карда шудааст.
Дар давоми солҳои истиқлол аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ танҳо ба соҳаи сохтмони вилоят 5,3 миллиард сомонӣ маблағ равона гардида, 1465 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва азнавсозӣ карда шудааст.
Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, фаъолон, масъулони соҳаи маориф, аҳли зиё ва падару модарон доир ба пешгирӣ кардани ҳама гуна қонуншиканиву ҷинояткориҳо ва таъмин намудани волоияти қонун тадбирҳои мушаххас ва қатъӣ андешанд.
Сарвари давлат бо боварӣ изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланди Бадахшон бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин минтақаи биҳиштосои кишварамонро боз ҳам обод карда, онро ба яке аз гӯшаҳои пешрафтаву зебои Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон мубаддал мегардонанд.
Пас аз суханронии Президент намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, ҳамчунин, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва дигар роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ҳисобот доданд.