Дар Вена нахустин консерти Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор гардид

Shared to Facebook

17 сентябри соли 2025 бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори консертии “Эрбар Зал”-и шаҳри Вена нахустин консерти Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки оркестри «Кайзер-Валтс»-и Вена таҳти унвони “Тараннуми дӯстии байналмилалӣ” баргузор шуд. Дар ин хусус ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Чорабинии мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои судманди фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Австрия ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар маркази Аврупо танзим гардид.

Дар барномаи консертӣ намояндагони ҳайати дипломатии муқими Вена, доираҳои сиёсӣ, илмӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ ва тоҷикистониёни муқими Вена ширкат варзиданд.

Барномаи “Тараннуми дӯстии байналмилалӣ” ба истиқболи гарми тамошобинон мувоҷеҳ гардид.