Ҳавопаймои Ан-24 дар минтақаи душворгузари вилояти Амури Федератсияи Русия суқут кард. Ҳамаи мусофирони дохили ҳавопаймо ҳалок шудаанд. Дар ин бора агентии ТАСС хабар додааст.
Ба маълумоти маркази минтақавии мудофиаи шаҳрвандӣ ва бехатарии сӯхтор, ҳангоми садама сӯхтор ба амал омадааст. Зимни таҳқиқи ҳавоӣ дар маҳалли фоҷеа ягон нафари зиндамонда пайдо нашудааст.
«Ба иттилои директори фурудгоҳи шаҳри Тинда, ҳангоми суқути ҳавопаймо сӯхтор ба амал омадааст. Зимни парвози санҷишии Ми-8 зиндамондагон пайдо нашуданд», — омадааст дар гузориш.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар ҳавопаймо 49 нафар — 43 мусофир, аз ҷумла 5 кӯдак ва 6 аъзои ҳайати сарнишинон будаанд.