Бино ба гузоришҳо, ҳаракати радикалии “Толибон” рӯзи якшанбе эълон кард, ки шаҳри Толиқон, маркази маъмурии вилояти Тахори ҳаммарз бо Тоҷикистонро ишғол карданд.
Муовини раиси қонунгузории вулусволии Тахор Рӯҳуллоҳ Рауфӣ гуфтааст, нерӯҳои амниятӣ ва мақомоти маҳаллӣ ба шаҳристони Фархор кӯч онида шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, “Толибон” вориди тамоми биноҳои ҷамъиятӣ шуда ва ҳамчунин, маҳбусонро аз зиндони маҳаллӣ озод кардаанд.
Ҷангҷӯён ҳамла ба Толиқонро тақрибан ду ҳафта пеш оғоз карданд.
Ҳаракати радикалии “Толибон” ҳам дар изҳороте гуфтааст, ин гурӯҳ тамоми биноҳои ҷамъиятии Толиқонро таҳти назорат гирифт.
Бо суқути Толиқон шумораи марказҳои маъмурии вилоятҳои Афғонистон, ки таҳти назорати “Толибон” афтоданд, ба 5 адад расид. Қабл аз ин ин гуруҳ изҳорот дода буд, ки марказҳои маъмурии вилоятҳои Сари Пул ва Қундузро дар шимоли кишвар ва шаҳри Шибирғон, маркази вулусволии Ҷузҷонро ишғол карданд.
Толибон иддао доранд, ки 80 дарсади қаламрави Афғонистонро таҳти назорат гирифтаанд.