СААД: Эҳтимоли вуруди фирориёни зиёд аз Афғонистон ба Тоҷикистон вуҷуд дорад

Shared to Facebook

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ Станислав Зас дар нишасте дар Арманистон гуфт, ҳаводиси ахири Афғонистон метавонад боиси вуруди теъдоди бесобиқаи фирориёни он кишвар ба Тоҷикистон шавад:

“Пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва муттаҳидонашон аз Афғонистон, вазъ дар ин кишвар ба таври назаррас бад шуда, дар ин кишвар торафт хаос ё беназмии комил ҳукмфармо мешавад. Метавонад хатари вуруди густардаи паноҳандагон ба қаламрави Тоҷикистони ҳамсоя ва воридшавии ашхоси вобаста ба созмонҳои террористӣ вуҷуд дошта бошад”, — гуфт Станислав Зас.

Вай таъкид кард, ки СААД вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро бодиққат пайгирӣ мекунад.

Қаблан 6 август, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид ҳам гуфта буд, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз эҳтимоли ба қаламрави онҳо даромадани ҷангҷӯёни афғон зери пӯшиши гуреза ва паноҳанда нигаронанд.

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон барои гурезагон урдугоҳҳои махсус сохта мешаванд. Дар назар аст, ки ояндаи наздик дар Кушониён ва Хоруғ ду анбор кушода ва дар онҳо хаймаҳо, бистарҳо, маҳсулоти гигиенӣ ва ғизо захира карда шаванд.

Моҳи гузашта муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон Имомалӣ Иброҳимзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, Тоҷикистон барои пазируфтан ва ҷойгир кардани тақрибан 100 ҳазор гуреза аз Афғонистон дар машқгоҳҳои наздимарзии худ омода аст.

Ба гуфтаи вай, дар сурати зарурӣ, Тоҷикистон метавонад боз ҳам бештар паноҳандагонро қабул кунад:

“Мо имкони қабули паноҳандагони афғонро дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалӣ меомӯзем”, — гуфт ӯ.

Моҳи июл беш аз 1500 гуреза дар Тоҷикистон паноҳгоҳи муваққатӣ ёфтанд. Онҳо аз ҳисоби ҳукумати ҷумҳурӣ бо ёрии тиббӣ, хаймаҳо барои иқомат, се бор хӯроки гарм, ҷиҳози хоб ва зарфу дигар лавозимоти рӯзгор таъмин карда шуданд. Ин гурезаҳо тариқи парвозҳои чартерӣ ба ватанашон баргардонида шуданд.

Ҳамчунин, 347 шаҳрванди қирғизтабори Афғонистон, аз ҷумла 77 зан ва 177 кӯдак марзи Тоҷикистонро дар ноҳияи Мурғоб убур карданд, ки низ баъдан ба ватанашон баргардонида шуданд.