Афзоиши тақрибан панҷяки нишондиҳандаи ҷаҳонии саҳмияҳои
Ҳиндустон боиси нигаронии менеҷерони молиявии дунё гардидааст. Суръати рушди иқтисоди Ҳиндустон аз дастовардҳои бузурги иқтисодии Сингапур, Ҷопон, Малайзия, Аморати Мутаҳидаи Араб, ки давраҳои рушди “тиллоӣ”-ро аз сар гузаронданд, пеш рафтааст. Қобил тавсиф аст, ки рушд қариб ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро фаро гирифта, рақобати солим риоя гардидааст. Ҳиндустон Чинро ҳамчун бузургтарин кишвари рушдёбанда дар аксари бахшҳои истеҳсолот ва саноати вазнин қафо гузошт.
Афзоиши қурби саҳмияҳо, гардишу фурӯши ибтидоии саҳмияҳо ва болоравии фоидаи ширкатҳои ҳиндӣ нишон дод, ки Ҳиндустон танҳо панҷяки Индекси бозорҳои рушдёбандаи MSCI-ро ишғол мекунад, дар ҳоле ки Чин дар соли 2020 то чоряк адад коҳиш ёфт. Сармоягузорон мегӯянд, моҳҳои оянда Ҳиндустон бо рушди 20 дарсадӣ 5 кишвари абарқудратро паси сар мекунад.
“Мӯъҷизаи ҳиндӣ” сармоягузорни дунёро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Соли равон барои онҳо иқтисоди устувори Чин нисбатан шинос аст. Аммо бозори молиявӣ, хусусиятҳои бозори Ҳиндустон то ҳадде барои Ғарб рӯшан набуд. Шубҳаҳо ва дудилагӣ дар 6 моҳи соли равон бартараф гардиданд.
Тибқи арзёбии коршиносон ва молияшиносон, саҳмияҳои Ҳинд аз даромади пешбинишуда дар соли оянда 24 маротиба, дар ҳоле ки саҳмияҳои Чин ҳамагӣ 10 маротиба ба фурӯш хоҳанд рафт.
Ҳамзамон, аз нигоҳи захираҳои неруи корӣ, энергетикӣ ва табиӣ Ҳиндустон дар чанд бахш бартарии калон дорад.
Ба иловаи ин ҳама, ба Ҳиндустон таҳриму фишори Аврупову ИМА таҳдид намекунад.
“10 ё 11 сол пеш Ҳиндустон 6-7 дарсади шохиси саҳмияҳои молиявии ҷаҳониро ташкил медод. Ҳоло ҳиссаи он ба 20 дарсад наздик шудааст”,-мегӯяд Кунҷал Гала, раҳбари бозори ҷаҳонии рӯ ба тараққӣ дар Федератсияи Ҳермес.
Боз он чизро ёдрас кунем, ки дар Ҳиндустон ҳукумати Нарендра Модӣ барои ҳифзи қурби саҳмияҳо назорати ҷиддӣ мебарад. Ҳамзамон дар Ҳиндустон рақобати солим ва шарикии қавии корӣ ҷорӣ мебошад.
Яке аз далелҳои дигари умедворкунанда ва хеле муҳим ба харидорони саҳмияҳо ин қурби пули ҳиндӣ мебошад. Дар 8 соли охир рупияи ҳиндӣ ҳама гуна буҳронҳои бозори асъори дунёро бе хавф паси сар карда, ҳоло хеле устувор мебошад.
Аз рушди босуботи иқтисоди Ҳиндустон маркази омӯзишии Bloomberg низ ҳушдор медиҳад.
Тиҷорати Ҳиндустон низ то ҳадде шаффоф ва ба бозори умумӣ дастрас мебошад.
Сарвазир Нарендра Модӣ, инчунин тавоноии иқтисоди Ҳиндустонро бо омори устувор зикр кард. Афзоиши қавии ММД (8,4 фоиз) дар семоҳаи сеюми соли молиявии ҷорӣ (2023-24) ҷаҳонро ба ҳайрат гузошт.
Маълумоте, ки Вазорати омор ва татбиқи барномаҳо нашр кардааст, на танҳо афзоиши воқеии ММД-ро дар соли молиявии 2023-2024 7,6 фоиз нишон медиҳад, балки афзоиши номиналии ММД 9,1 фоиз баландтар аст. Ҳукумат ин тағйироти мусбатро ба ислоҳот ва тадбирҳои мухталиф марбут медонад, ки дар даҳ соли ахир амалӣ шудаанд.
Сандуқи Байналмилалии Пул қаблан пешгӯӣ карда буд, ки иқтисоди Ҳиндустон дар тӯли солҳои 2023 ва 2028 ба ҳисоби миёна 6,3% афзоиш ёфта, тақрибан ду маротиба — аз 3,7 триллион доллар то 5,9 триллион доллар хоҳад расид. Интизор меравад, ки ин афзоиш бо афзоиши ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз 2612 то 3985 долларро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи таҳлилгарони Bloomberg Economics ва “Форбс”, Ҳиндустон метавонад то соли 2028 Чинро ҳамчун муҳаррики иқтисоди ҷаҳонӣ қафо партояд. Тибқи пешгӯии онҳо, суръати рушди ММД-и Ҳиндустон дар охири даҳсола то 9 фоиз афзоиш хоҳад кард, дар ҳоле ки Чин марраи 3,5 фоизро тай мекунад. Баҳри ноил шудан ба ин, Ҳиндустон инфрасохторҳои хизматрасонӣ, бозори танзимшудаи қувваи кории дохилиро афзоиш медиҳад.
Бонки сармоягузории Barclays низ бовар дорад, ки Ҳиндустон метавонад то соли 2029 ба муҳаррики рушди иқтисодии ҷаҳонӣ табдил ёбад.
Таҳияи
Наҷмидин ШОҲИНБОДОВ
(ба асоси маводи интернет)