Ҳиндустон то соли 2030 иқтисоди сеюми ҷаҳон мешавад

Shared to Facebook

Иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2022 суст шуд, аммо, ба гуфти таҳлилгарони институтҳои байналмилалии молиявӣ, он дар кутоҳмуддат рушд хоҳад кард. дар ин раванд Ҳиндустон метавонад ба яке аз абарқудратҳои иқтисодии ҷаҳон табдил ёбад. Ба ин тамоми имкониятҳо, омилҳо ва захираҳои мавҷуда далолат менамоянд.

Интизор меравад, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҳиндустон дар 15 соли оянда се маротиба афзоиш ёфта, ин кишвар то соли 2030 ба иқтисоди сеюми ҷаҳонӣ табдил ёбад. Тавре ки миллиардери ҳиндӣ Гаутам Адани (Gautam Shantilal Adani) гуфтааст, “достони воқеии рушди Ҳиндустон ҳоло оғоз мешавад”. Тибқи пешгӯии ӯ, то соли 2050 Ҳиндустон ба як кишвари озод бо сатҳи саводнокии 100 фоиз аҳолӣ мубаддал хоҳад гашт.

Миллиардери ҳиндӣ Гаутам Адани раиси конгломерати Adani Group дар Аҳмадобод аст, ки ба бандарҳо, фурудгоҳҳо, энергияи сабз, семент, марказҳои танзими тиҷорат машғул мебошад. Як замон ин сармоядор ки соли 1988 бо тиҷорати коло ба таври хоксорона фаъолият дошт, аз Ҷефф Безос, Бернард Арно ва Билл Гейтс гузашта буд. Сармояи муштараки бозории гурӯҳи ширкатҳои ба таври оммавӣ дар гардиш 260 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Дар бораи ояндаи иқтисоди Ҳинудстон ӯ ҳанӯз дар конфронси 20-уми CEO Global Forbes 2022, ки 26-27 сентябр дар Сингапур баргузор шуд, изҳори назар карда буд. Ба гуфтаи Адани, Ҳиндустон метавонад то соли 2030 сармояи бозори саҳомиро то 45 триллион доллар расонад. Воқеӣ будани ин далелро Forbes таҳқиқ мекунад.

Оё иқтисоди Ҳиндустон метавонад ба 30 триллион доллар афзоиш ёбад? Барои муқоиса, ин қариб маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) солонаи Иёлоти Муттаҳида, Ҷопон ва Италия дар якҷоягӣ аст. Ҳаҷми умумии истеҳсолоти Чин, Олмон, Фаронса, Бритониё ва Канада низ қариб ба ин баробар аст.

Шояд тоҷири 60-сола ҳақ дошта бошад, ки чунин изҳорот диҳад. Конгломерати марказии ӯ дар Аҳмадобод ва худи Адани, ки арзиши софи он тақрибан 100 миллиард доллар арзёбӣ мешавад, дороиҳо дар соҳаҳои гуногун аз фурудгоҳҳо ва семент то марказҳои маълумот, энергияи сабз, бандарҳо ва ғайра доранд.

Адани итминон дорад, ки Ҳиндустон “кишваре мешавад, ки ба мавқеи худ дар ҷаҳон комилан бовар дорад”, тавре ки ӯ дар конфронси мазкур дар Сингапур гуфт.

Бо вуҷуди ин, шояд касе фикр кунад, ки миллиардер воқеан ба аудиторияи дигар муроҷиат кардааст. Эҳтимол суханронии ӯ ба ҳукумати Нарендра Моди нигаронида шуда буд, ки барои ояндае, ки Адани орзу мекунад, таҳкурсӣ гузорад. Шубҳае нест, ки Ҳиндустон ояндаи дурахшон дорад. Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) қайд кард, ки 10 сол пеш Ҳиндустон аз рӯи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҷои 11-ум буд. Ҳоло, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҳиндустон дар як сол 7% афзоиш меёбад, WEF бар асоси маълумоти Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, ки ин кишвар дар ҷойи сеюм аст.

Илова бар ин, Ҳиндустон як раванди авҷи IT-ро аз сар мегузаронад ва кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта, ба мисли Ҷопонро паси сар мекунад. Бо вуҷуди ин, пас аз 100 моҳи ҳукмронии Моди, мероси иқтисодии ӯ хоксорона боқӣ мемонад. Аз моҳи майи соли 2014 Моди воқеан як қатор тағйироти муҳимро ҷорӣ кард. Қарорҳое, ки барои ҳавасмандгардонии афзоиши сармоягузории хориҷӣ дар соҳаҳо, аз қабили авиатсия, мудофиа ва суғурта қабул шуданд, аз пешрафт шаҳодат медиҳанд. Инчунин, ҷорӣ намудани андози умумимиллии мувофиқ ба истеҳсолот манфиатоар шуд.

Бо вуҷуди ин, тадбирҳои воқеан муҳим, қонунҳо дар бораи меҳнат, замин ва андоз ҳоло ҳам такмил мешванд. Ваъдаҳо оид ба ҳалли мушкилоти қарзи бебаҳо, ки бонкҳои давлатӣ доранд, иҷро нашуданд. Ва дар ҳоле, ки лоиҳаҳои технологӣ он чизе, ки Моди “давраи тиллоӣ” меномад, ба афзоиши ҷойҳои корӣ, рушди ММД мусоидат мекунад.

Алҳол дар 12 намуд маҳсулоти дорои моҳияти ниёзи аввал барои инсоният Ҳиндустон пешсаф аст. Ҳамзамон Ҳиндустон дар бозори инноватсия, технология, кайҳон маҳсулоту моли рақобатпазир истеҳсол мекунад, ки далели дигари рушди бемайлони ин кишвар аст.

Таҳияи

Наҷмидин ШОҲИНБОДОВ

Нино ХВАРАНИНО