Ҳуқуқи башар: Толибон дастовардҳои 20-солаи Афғонистонро аз байн бурданд

Shared to Facebook

Тибқи гузориши нави созмони байналмилалии Amnesty International, Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башар (FIDH) ва иттиҳоди байналмилалии созмонҳои ғайриҳукуматии “Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа” (OMCT), дар чанд ҳафтаи дар қудрат буданаш ҳаракати “Толибон” дастовардҳои 20-солаи Афғонистонро дар самти риояи ҳуқуқи башар аз байн бурд:

“Бар хилофи ваъдаи исломгароёни радикалӣ, ки онҳо ҳуқуқи Афғонистониҳоро эҳтиром мекунанд, ҳомиёни ҳуқуқи башар ҷиноятҳои сершумор, аз қабили куштори ҳадафмандонаи ғайринизомиёнро сабт кардаанд”, — гуфта шудааст дар гузориш.

Ин гузориш бар асоси суҳбат бо қурбониён ва таҳлили аксҳо, видеоҳо, тасвирҳои моҳвораӣ ва гузоришҳои расонаҳо пас аз сари қудрат омадани “Толибон” дар миёнаҳои моҳи август таҳия шудааст.

“Мо аллакай мавҷи нақзи ҳуқуқи инсон, амалҳои интиқом, маҳдудиятҳои занон, саркӯбии тазоҳурот ва саркӯбҳо алайҳи васоити ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандиро мушоҳида мекунем”, — гуфтааст муовини роҳбари Amnesty International Динушика Диссанаяке.

Вай аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ даъват кардааст, ки далелҳои ҷиноятҳои зидди қонунҳои байналмилалиро дар Афғонистон ҳуҷҷатгузорӣ кунад.

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамарӯза мавриди ҳамла қарор мегиранд, “Толибон” барои шикори онҳо амалиёт ташкил мекунанд. Журналистон, пеш аз ҳама занон, аз ҷони худ ҳарос доранд. Аксари онҳо ба хориҷа фирор кардаанд, ё дар Афғонистон пинҳон шудаанд. Шумораи бештари занон бурқаъ мепӯшанд ва аз хона бидуни ҳамроҳии мардон намебароянд. Сарфи назар аз хатар, занон дар саросари кишвар тазоҳуротро идома медиҳанд. Ба баъзе намоишҳои эътирозӣ иҷозат дода мешавад, аммо аксари онҳо бо зӯр пароканда карда мешаванд, омадааст дар гузориш.

Зимнан, ҳафтаи гузашта Хабарнигорони бидуни марз (RSF) хабар дод, ки дар Афғонистон бештар рӯзноманигорон қурбонии хушунат ва бадрафторӣ мешаванд. Ин созмон феҳристи беш аз 150-нафараи хабарнигоронеро таҳия кард, ки айни замон дар Афғонистон мавриди хатар қарор доранд.