30 апрели соли 2026 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Таиланд Сихасак Пхуангкеткеоу суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи байни ду кишвар дар самтҳои мухталиф, масъалаҳои минтақавӣ ва масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.
➡️Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон




