Футбол: Игор Ангеловский — сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон

Shared to Facebook Shared to Max

Мутахассиси 49-солаи македонӣ Игор Ангеловский сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин шуд. Ӯ дастаро барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, омода мекунад, иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Қаблан Игор Ангеловский дастаи мунтахаби Македонияи Шимолиро роҳбарӣ карда, онро соли 2020 бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Аврупо баровардааст.

Дар сатҳи бошгоҳӣ Игор Ангеловский бо «Работнички» дар мавсими 2013/14 чемпиони Македонияи Шимолӣ гашта, ду маротиба Ҷоми кишварро (2013/14 ва 2014/15) ба даст овардааст.

Игор Ангеловский инчунин дар дастаҳои «Горитса» (Хорватия), «Каспий» (Қазоқистон) ва «Этникос Ахнас» (Кипр) кор кардааст.

➡️Федератсияи футболи Тоҷикистон