Зери фақри шадид: 120 млн нафар илова шуданд

Shared to Facebook

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар паёме ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бо фақр, ки 17 октябр таҷлил шуд, аз афзоиши теъдоди афроди дар фақри шадид қарордошта ҳушдор дод.

Ба гуфтаи ӯ, афзоиши сатҳи камбизоатӣ дар тӯли бист сол бори аввал мушоҳида мешавад ва он пеш аз ҳама, бо пандемия алоқаманд аст. Мубориза бо пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонидааст.

Ба маълумоти Дабири кулли СММ, соли гузашта ба таври иловагӣ 120 миллион нафар ба камбизоатӣ дучор шуданд:

“Барқарорсозии нобаробар нобаробариро байни ҷаҳони Шимолӣ ва Ҷанубӣ боз ҳам бештар мекунад. Дар ҳамин ҳол, имрӯз, ки ҳамбастагӣ аз ҳарвақта бештар лозим аст, мо зуҳуроти онро намебинем”, — таъкид кард Гутерриш.

Ба гуфтаи Дабири кулл, айни замон мубориза дар ду ҷабҳа — камбизоатӣ ва нобаробарӣ зарур аст, пеш аз ҳама, бо тақсимоти беадолатонаи ваксинаҳо, ки боиси паҳншавии минбаъдаи вирус ва таназзули иқтисодӣ мегардад:

“Мо бояд фавран ба ин хотима гузошта, бо бӯҳрони дурудароз мубориза барем, то ин ки кишварҳои бештар эҳтиёҷманд барои эҳёи худ пас аз бӯҳрон сармоягузорӣ ёбанд”, — гуфт вай.

Дабири кулл роҳҳои мушаххаси раҳоӣ аз ин вазъро пешниҳод карда, кишварҳоро даъват намуд, ки иродаи сиёсӣ нишон дода ва шарикиро густариш диҳанд, то ин ки ба ҳифзи иҷтимоии ҳар як узви ҷомеа то соли 2030 ноил шуд.

Дар ин замина ӯ пешниҳод кард, ки барои такмили ихтисоси коргарон бо мақсади таъмини захираҳои инсонӣ барои бахши афзояндаи “иқтисоди сабз” сармоягузорӣ шавад.