Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Қазоқистон

Shared to Facebook

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси Курултайи Қазоқистон Айбек Дадебай зимни як мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намудаанд. Ин мулоқот рӯзи 29 октябр дар доираи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор шудааст.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, зимни мулоқот ба нақши калидии сарони ду давлат дар таҳкими муносибатҳои ҳампаймонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон дар самтҳои гуногун бар пояи дӯстӣ, эътимоди мутақобила ва ҳамкории судманд таҳким меёбанд.

Ҷонибҳо ҳавсмандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории байнипарламентӣ, аз ҷумла таҳкими робитаҳои амалии Маҷлиси миллӣ бо Курултайи Қазоқистон, ки аз самтҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба маҳсуб меёбад, иброз намудаанд. Дар баробари ин, ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, бахшҳои нақлиёту логистика, энергетика, сармоягузорӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба арзёбӣ шудаанд.

Таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, густариши табодули илмию таълимӣ ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ, таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот будаанд.