3 сол ҳабси милисае, ки ҳамхидматашро ба ҳалокат расонд

Shared to Facebook

Суди ноҳияи Панҷ корманди ШВКД дар ин ноҳия Амирзода Насим Абдукаримро ба содир кардани ҷиноят тибқи моддаи 108, қисми 2 (куштор аз беэҳтиётӣ)-и КҶ Тоҷикистон айбдор ва ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Суд Амирзодаро дар қатли ҳамхидматаш Меҳроншо Ҷумъаев, ки дар бинои ШВКД ноҳияи Панҷ дар лаҳзаи супоридан ва қабули силоҳ ҳангоми навбатдорӣ ба қатл расонида шуд, гунаҳгор донистааст.

Наздикони корманди фавтидаи милиса ҳукми судро “ноодилона ва ғайриқонунӣ” шуморидаанд:

“Албатта, чунин ҳукмро мо интизор будем. Зеро ҷиноят дар Панҷ содир шуд, онро сокини ноҳияи Панҷ, корманди милиса дар дохили бинои ШВКД содир кард. Тафтишотро прокуратураи ноҳияи Панҷ анҷом дод ва ҳукмро суди ноҳияи Панҷ баровард. Шахсони манфиатдор инҷо зиёданд. Дар суди ноҳияи Панҷ аз ин бештар чизеро интизор шудан душвор буд. Акнун муҳим аз ноҳияи Панҷ баровардани парванда аст ва мо иншооллоҳ, ин корро мекунем. Ман боварӣ дорам, ки дар зинаҳои болоӣ имконияти бозгардонидани парванда ба тафтишот ва дарёфти адолат имконпазир хоҳад буд”, — навишт Холиқназар Ҷумъаев, амаки милисаи кушташуда.

Наздикони милисаи фавтида аз қабл мегуфтанд, ки тафтишот ҳамаҷониба ва холисона гузаронида нашудааст. Ҳамакнун, онҳо тасмим доранд, ки аз ҳукм ба суди зинаҳои болоӣ шикоят баранд.

Қабл аз ин, рӯзи 7 май, айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост кард, ки Амирзода Насим Абдукарим бо ҳамин модда айбдор дониста ва ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.

Лейтенанти милитсия Меҳроншоҳ Ҷумъаев субҳи 7 феврали имсол ҳангоми ивази навбатдорӣ бо тири автомат ба ҳалокат расонида шуд.