Вазорати мудофиаи Қазоқистон лоиҳаи қарореро омода кардааст, ки тибқи он, Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 3 миллион дона тири қутрашон гуногун кумак мекунад:
“Ин санад бо мақсади амалӣ намудани расмиёти дохилӣ барои эътибор пайдо кардани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи расонидани кӯмаки ройгони ҳарбӣ-техникӣ, ки 17 апрели соли 2021 ба имзо расид, таҳия шудааст”, — хабар дод Вазорати мудофиаи Қазоқистон.
Лоиҳаи қарор то 17-уми июни имсол баррасӣ шуда, баъди тасвиби он дар назар аст, ки Қазоқистон ба Тоҷикистон 3 миллиону 200 дона тири қутраш 5,44-миллиметрӣ, 20 ҳазор тири қутраш 23-миллиметрӣ ва 10 ҳазор тири қутраш 82-миллиметрӣ кумак намояд.
Тибқи созишнома, Қазоқистон тавассути роҳи оҳан оварда расондани тирҳоро ба Тоҷикистон аз ҳисоби худ ба уҳда гирифтааст. Тоҷикистон дар навбати худ уҳдадор шудааст, ки ин муҳиммотро ба ҷониби севум намедиҳад.
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳам гуфтаанд, “Ин кӯмак ба хотири пурзӯр кардани марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Афғонистон аст”.
Созишнома оид ба ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Қазоқистон аз 16 декабри соли 1992 ба ин сӯ амал мекунад.