Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ гуфт, чаро набояд ба шикасти иқтисод ва буҳрони башарӣ дар Афғонистон роҳ дода шавад. Вай ҳамчунин, дар бораи хатарҳои асосие суҳбат кардааст, ки имкон дорад аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид кунанд.
Вай зимни шарҳи равобити кишварҳо бо ҳукумати толибӣ дар Афғонистон гуфтааст:
“Ҳоло дар Афғонистон ҳукумати муваққат амал мекунад, онро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф накардааст, зеро таври маълум, ҳаракати “Толибон” як созмони террористӣ буда, ба феҳристи Созмони Милали Муттаҳид шомил шудааст. Барои ҳамин ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҳукуматро эътироф намекунад. Аммо, ба ҳар ҳол, тамоми ҷомеаи байналмилалӣ, СММ, бо дарки он расидаанд, ки ба шикасти иқтисодӣ ва бӯҳрони башардӯстона дар Афғонистон набояд роҳ дод. Возеҳ аст, ки чунин бӯҳрони башардӯстона мушкилоти нав эҷод мекунад”, — гуфт Тлеуберди ба “Спутник Қазоқистон”.
Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, ҳамчунин, таҳдидҳои асосӣ аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказиро шарҳ додааст. Ба андешаи ӯ, инҳо қочоқи маводи мухаддир, ифротгароии динӣ ва гурезаҳо мебошанд. Барои пешгирии ин ҳолатҳо СММ тасмим гирифт, ки ҳамаи давлатҳо бояд ба Афғонистон кӯмаки башардӯстона расонанд.
Оё Қазоқистон ният дорад, ки “Толибон”-ро аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ дар ҷумҳурӣ хат занад?
Тлеубердӣ дар посух ба ин суол гуфтааст, чунин тасмим бояд дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳо қабул карда шавад:
“Ин қарори Қазоқистон ё кадом як давлати дигар нест. Пеш аз ҳама, бояд ҷаласаи Шӯрои Амният баргузор шавад, бояд Шӯрои Амнияти СММ қатъномаи махсус қабул кунад. Ва танҳо пас аз он давлатҳо тасмим хоҳанд гирифт”, — таъкид кардааст вазири қазоқ.