Бино ба маълумоти расмӣ, дар асоси нақшаи пешбинишуда, то 20 октябр дар Тоҷикистон 2 миллиону 632 ҳазору 58 нафар (45,2{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e} аз шумораи умумии сокинони калонсоли кишвар) ба зидди бемории коронавируси COVID-19, ҳадди ақал, як воя, аз ин рақам 2 миллиону 106 ҳазору 807 нафар ҳарду вояи ваксинаро гирифтаанд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ маълумот дод.
Дар айни замон ҳафтаи сипаришуда дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуда ва тамоми муассисаҳои тиббие, ки беморони коронавирусро табобат мекарданд, ба фаъолияти муқаррарӣ машғуланд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳол, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар ҷумҳурӣ 17086 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16960 нафар шифо ёфтаанд. Аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони кишвар фавтидаанд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, аз 3 июл, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои ҳамаи шаҳрвандони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ буда, ваксина ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тариқи ройгон гузаронида мешавад.
Тибқи Нақшаи миллӣ, бояд беш аз 5,8 миллион сокинони аз 18 болои Тоҷикистон ваксина бигиранд. Барои ин тақрибан 12 миллион вояи ваксина лозим аст. Тибқи маълумоти Вазорат, дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ва кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои мададрасон ба Тоҷикистон 4 миллиону 861 ҳазору 540 воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шудааст.
Маъракаи эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаи зидди бемории коронавирус дар Душанбе 25 июн оғоз гардид. Ҳоло дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: “Спутник V” (истеҳсоли Русия), CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо), Moderna ва Pfaizer (ИМА).
Дар ҳамин ҳол, бино ба омори пойгоҳи маълумотдиҳии Ourworldindata.org, то 25 октябр дар ҷаҳон 6,88 млрд воя ваксинаи зидди коронавируси COVID-19 истифода шуда, 48,7{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e} аҳолии ҷаҳон ба ваксинатсия фаро гирифта шудаанд.