Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон: Аз пардохти саривақтии музди меҳнату кумакпулиҳо то таъмини аҳолӣ бо барқу гармӣ

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон ба аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ супориш додаанд, ки барои иҷроиши босифати буҷети давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андозӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ аз буҷети давлатӣ сари вақт ва пурра таъмин гарданд.

Ин супориш дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 25 октябр баргузор гардид, дода шудааст. Дар маҷлис, аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023-2024 баррасӣ шудааст.

Гуфта шудааст, буҷети давлатӣ барои соли 2022 ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ва дохилӣ ба он, аз ҷумла таъсири идомаёбандаи пандемияи COVID-19, рушди соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.

Бино ба гузориши Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар ҳаҷми 32,8 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2021 ба маблағи 5,1 миллиард сомонӣ ё 18,6 фоиз зиёд мебошад.

Президент таъкид намудаанд, ки хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар ҳаҷми 33,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад:

“Дар сиёсати буҷети давлатӣ таъмин намудани уҳдадориҳои давлат оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиро нигоҳ дошта, дар буҷети давлатӣ барои соли 2022 ба ин соҳаҳо равона кардани 14,6 миллиард сомониро пешбинӣ намудааст, ки он 43,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад”.

Вобаста ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, аз ҷумла вазъи ҷаҳони имрӯза, мавҷҳои навбатии пандемияи бемории COVID-19 ва тағйирёбии иқлим Сарвари давлат зарур шумурдаанд, ки дар чунин шароити ҳассос барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамоҳангсозӣ ва таъмин намудани мутавозинии татбиқи сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ муҳим мебошад.

Аз ҷумла, супориш дода шудааст, ки барномаву нақшаҳои қабулнамудаи Ҳукумат бояд сари вақт, пурра ва сифатнок иҷро карда шаванд:

“Барои иҷроиши босифати буҷет ҷиҳати баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андозӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ аз буҷети давлатӣ, сари вақт ва пурра таъмин гардад. Барои таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда пурра таъмин карда шавад”, — супориш додаанд Президент.

Ҳамчунин, дар маҷлиси Ҳукумат “Дар бораи маъқул донистани Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024” вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, “Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, “Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025” вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва “Дар бораи Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ҳисобот доданд.

Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, се хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.

Раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода “Оид ба ҷараёни иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисобот додааст.

Илова ба ин, Президент барои татбиқи қонунҳои ҷумҳурӣ, амалисозии дастуру супоришҳои Ҳукумат ҷиҳати рушди соҳаи картошкапарварӣ, чорводорӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва бо ин васила самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини кишт, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш, вазорати кишоварзӣ, академияи илмҳои кишоварзӣ, вазорати рушди иқтисод ва савдо, кумитаи рушди маҳал ва дигар идораҳои дахлдори давлатӣ супоришҳои мушаххас додаанд.

Ҳамзамон Президент барои иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатӣ, дастурҳои Сарвари давлат зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат додашуда, иҷрои босифати нақшаи даромади буҷетӣ давлатӣ, назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, таъмини нақшаи корҳои ободонӣ, вусъати корҳои кишти тирамоҳӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, таъмини аҳолӣ бо барқу гармӣ, ҷамъоварӣ ва захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва корҳои созандагӣ, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас додаанд.