Мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт. Ин имкон баъди ғалабаи мунтахаби Ветнам (U-23) ба мунтахаби Мянма (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 ба даст омад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бо ду пирӯзӣ бар Лубнону Непал бо ҳисоби 2:1 ва 6:0 ва як бохт аз Эрон (3:2) дар гуруҳи худ мақоми дуввумро соҳиб шуда буд. Тибқи низомнома, ғолибони 11 гурӯҳи марҳилаи интихобӣ ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуввуми гурӯҳҳо ҳаққи иштирок дар марҳилаи ниҳоиро доштанд. Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар феҳристи дастаҳои беҳтарини ҷойҳои дуввуми гуруҳҳо дар мақоми панҷум қарор дошт, баъди ғалабаи мунтахаби Ветнам ба мунтахаби Мянма ба ҷойи чоруми рӯйхат баромад ва ҳаққи роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022-ро ба даст овард.
Се ҷойи дигарро дар ин феҳрист мунтахабҳои олимпии Тайланд, Арабистони Саудӣ ва Туркманистон соҳиб шуда, ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд.
Мунтахабҳои олимпии Қатар, Эрон, Ироқ, Кувайт, АМА, Урдун, Австралия, Кореяи ҷанубӣ, Ветнам, Малайзия ва Ҷопон ҳамчун ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифтанд.
Мунтахаби олимпии Ӯзбекистон ба Ҷоми Осиё-2022 ба ҳайси мизбон роҳхат гирифт.
Мусобиқаи Ҷоми Осиё – 2022 (U-23) аз 1 то 19 июни соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мегардад.