“Сомон эйр” акнун аз Душанбе ба Самара ҳам парвоз мекунад

Shared to Facebook

Ширкати тоҷикистонии “Сомон эйр” аз моҳи ноябри имсол ҳафтае як маротиба аз Самара ба Душанбе парвоз анҷом медиҳад.

“Акнун ҳавопаймоҳо аз шаҳри Самараи Русия ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бештар парвоз хоҳанд кард. Аз моҳи ноябри соли 2021 боз як ширкати ҳавопаймоӣ — “Сомон эйр” ба иҷрои парвозҳои тариқи ин хатсайр шурӯъ намуд”, — хабар медиҳад  samara.kp.

Бо хатсайри Самара — Душанбе инчунин ширкати “Уральские авиалинии” ҳафтае се парвоз анҷом медиҳад.

Бино ба ин хабар, парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон аз фурудгоҳи Курумоч ҳафтае 1 маротиба, рӯзи душанбе соати 08:00 ба вақти Душанбе сурат мегиранд.

Вақти парвоз 3 соату 20 дақиқа буда, ҳамаи парвозҳо бо ҳавопаймоҳои тамғаи Boeing 737 иҷро карда мешаванд.