Нисбат ба рӯзноманигори боздоштшуда Завқибек Саидаминӣ тибқи моддаи 307 қисми 2 нишонаи 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, вай ба ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони экстремистии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) гумонбар дониста мешавад. Рӯзноманигори боздоштшудаи дигар Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бошад, барои итоат накардан ба талаботи корманди милитсия гумонбар дониста мешавад.
Дар ин бора дар нишасти матбуотии рӯзи 15 июл Шариф Қурбонзода, як масъули Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, зимни санҷиш алоқаи Завқибек Саидаминӣ ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони экстремистии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) муайян гардид.
“Рӯзи 13 июли соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати тафтишотии ВКД нисбат ба Завқибек Саидаминӣ бо моддаи 307 қисми 2 нишонаи 3 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ шуруъ шудааст. Дар мавриди айби ниҳоӣ тафтишоти минбаъда муайян хоҳад кард”, — изҳор доштааст Қурбонзода.
Номбурда дар робита ба боздошти Абдусаттор Пирмуҳаммадзода гуфтааст, ӯ рӯзи 9 июл аз ҷониби кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат барои итоат накардан ба талаботи корманди милитсия дастгир шуд:
“Айни замон дар онҷо қарор дорад. Нисбаташ маводи санҷишӣ тартиб дода шуда, ҳоло нисбаташ қарори ниҳоӣ қабул карда нашудааст. То 19 июл бо қарори суд, ки ҳукми қонунӣ пайдо кардааст, дар боздошт мемонад”, — афзудааст масъули Прокуратураи генералӣ.
Дар ҳамин ҳол, дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, рӯзноманигор ва блогер Далери Имомалӣ, ки низ моҳи гузашта боздошт шуд, барои фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ ва барои напардохтании 96 ҳазору 460 сомонӣ маблағи андоз гумонбар дониста мешавад. Ба иттилоъи мақомот, нисбат ба номбурда аз тарафи прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур барои фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ парванда оғоз карда шуда, тафтишот айни ҳол идома дорад.
Дар гузашта, Далери Имомалӣ ба ғайр аз соҳибкории ғайриқонунӣ, инчунин, ба дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ ва иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнуъ гунаҳгор дониста мешуд. Вале дар нишасаи хабарии имрӯзаи Додситони кул дар бораи ин ду модда чизе гуфта нашуд. Маълум нест, ки ӯ то ба ҳол бо ин моддаҳо гумонбар ҳаст ё ҳазв шудааст.
Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигорон ва блогерони тоҷик, рӯзи 15 июн аз сӯи прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.
Коллажи “Азия-Плюс”