Агентии коррупсия ҳам садҳо миллион сомонӣ зарар ошкор кардааст

Shared to Facebook

Дар натиҷаи санҷишҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол 237 мансабдори давлатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Дар ин бора Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода дар нишасти матбуотии рӯзи 18-уми июл хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи ин санҷишҳо зарари молии махсусан калон муассисаҳои соҳаи маориф ва илм дар ҳаҷми беш аз 21 миллион сомонӣ ошкор шудааст.

Ҳамчунин, дар ширкати “Барқи тоҷик” 4,1 миллион сомонӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист 12,2 миллион сомонӣ зарар ошкор карда шудааст.

Ҳамчунин, пас аз санҷиши буҷаҳои маҳаллӣ дар шаҳрҳои Ҳисор, Гулистон, Хоруғ, Конибодом ва ноҳияи Фирдавсии Душанбе аз 2 то наздик ба 6 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор гардидааст.

Дар маҷмӯъ, дар ин шаш моҳ кормандони Агентӣ 104,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ба давлатро муайян кардаанд, ки аз ин 62,4 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ва 27,1 миллион сомонӣ ба корхоаву муассисаҳо рост меояд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз маблағи ошкоргардида 96,5 миллион ва ё 92,1 дарсад барқарор карда шуда, барои рӯёнидани маблағи боқимонда тадбирҳои зарурии ҳуқуқӣ андешида мешаванд, зикр гардид дар нишаст.

Аз ин қабл Палатаи ҳисоби Тоҷикистон маълумот дод, ки дар нимсолаи якуми соли равон қоидавайронкуниҳои молиявиро ба маблағи 158,8 млн. сомонӣ муайян намудаанд.

Созмони байналмилалии Transparency International дар гузориши ахири худ сатҳи коррупсияро дар Тоҷикистон хеле баланд номида буд. Ин созмон дар гузориши худ, ки аввали имсол нашр шуд, гуфт, Тоҷикистон дар байни 180 кишвару қаламрав дар 30-гонаи кишварҳое ҷойгир аст, ки дорои бадтарин сатҳи коррупсия мебошанд.