24 май бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО Куллиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Пешбарии “Куллиёти Мавлоно” аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия ва Узбекистон муштаракан барои баррасӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоир, файласуф, олим ва фақеҳи ислом, яке аз бузургтарин донишмандони тоҷик дар асри XIII буда, эҷодиёти ӯ имрӯз барои кулли ҷаҳон аз арзишмандтарин осор ба ҳисоб меравад. Куллиёти Мавлоно “Маснавии Маънавӣ”, “Девони Шамси Табрезӣ”, “Фиҳи мо фиҳи”, “Маҷолиси Сабъа” ва “Мактубот”-ро дарбар гирифта, ба забони форсӣ навишта ва ба забонҳои мухталифи ҷаҳон тарҷума шудаанд. “Маснавии Маънавӣ”-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон тӯли солҳои 1925-1937 аз форсӣ ба англисӣ баргардонидааст, ки аз 25 ҳазору 632 байт иборат аст.
“Эҷодиёти адабию фалсафии Мавлоно барои омӯзиши таъриху фарҳанги Машриқзамин аҳамияти бузурги илмӣ дошта, дар он мақолаву ҳикматҳо, маҷмӯи адабиёти ибратбахш, мисолҳо аз рӯзгори анбиёву мардумон бо таҷассуми орифонаю ошиқона гирд оварда шудаанд”, — омадааст дар иттилоия.
Мавриди тазаккур аст, ки Мавлонои Балхӣ дар ҷаҳони Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гашта, шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам пиру ҷавон, марду зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинӣ бо завқу шавқи беандоза қироат мекунанд. Ҳамчунин, кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Туркия, Эрон, Афғонистон, Фаронса, Италия ва ғайра ҳамасола барномаҳое барои гиромидошт ва бузургдошти ин орифи бузург баргузор менамоянд, ки гувоҳи эътирофи Мавлонои Балхӣ ба ҳайси мутафаккир ва шоири барҷаста дар миқёси ҷаҳон аст.
Дар Тоҷикистон Мавлоно ва осори оламшумули ӯро бахше аз мероси фарҳангӣ ва миллии худ мешуморанд. Дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид, яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш доман густурдааст, ба номи Ҷалолуддини Балхӣ иваз гардид. Дар маркази ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гузошта шуд.
Инчунин, ҳамон сол бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва донишмандони шинохтаю мавлоношиносон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид.
Зимнан, ҳамасола дар Тоҷикистон 30 сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз симпозиумҳо, конфронсҳо, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ баргузор мегарданд.
“Мутафаккири бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Ғазалҳои ӯро, ки бо забони ноби тоҷикӣ садо медиҳанд, чи овозхонони мардумӣ ва чи оҳангсозони касбӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва кишварҳои зиёди Аврупову Амрико месароянд ва мардум аз онҳо ҳаловат мебаранд. Шахсият ва мероси ин бузургвор боиси эҷоди садҳо мусаввараҳо аз ҷониби рассомони давраҳои гуногун гаштааст. Ҳамаи ин гувоҳи эътирофи Мавлоно Балхӣ ба ҳайси як мутафаккир ва шоири барҷаста дар миқёси умумиҷаҳонӣ аст”.
(Аз китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон)