Ифтитоҳи беш аз 35 иншооти таъиноти гуногун дар Ваҳдат

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 24 октябр, бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд. Ба итттилоъи хадамоти матбуоти Сарвари давлат дар ҷараёни ин сафар якчанд иншооти саноатӣ, таълимӣ, тиббӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ карда шуданд.

Нахуст, Сарвари давлат маркази ташхисӣ ва табобатии “Лормед” дар шаҳри Ваҳдатро ба истифода доданд, ки аз ҷониби соҳибкор Сулаймон Алиев бунёд гардида, дорои 25 кат мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дастгоҳҳо барои ташхис ва ҷарроҳӣ дар маркази ташхисӣ ва табобатии “Лормед” аз Русия, Корея, Ҷопон ва Чин ворид гардидаанд.

Дар озмоишгоҳ ҳуҷраҳои рентген, физиотерапия, бастабандӣ, доругузаронӣ ва ҳуҷраи кории табибон мавҷуд аст.

Президент зимни суҳбат иброз доштанд, ки фароҳам овардани шароит ва беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ барои пешгирӣ, ташхис ва табобати саривақтии беморон басо муҳим аст.

Ифтитоҳи маркази ташхисӣ ва табобатии Лормед дар шаҳри Ваҳдат 24.10.2026

Дар идома, Сарвари давлат дар деҳаи Зарнисори деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии “Алянс мебел”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби соҳибкор Шамсулло Саъдуллозода дар ҳудуди минтақаи саноатии ҶДММ “Хушрӯз” бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар корхона ду хатти истеҳсолӣ бо таҷҳизоти пешрафта насб гардида, намудҳои гуногуни мебел барои хонаҳои истиқоматӣ, ошхона, муассисаҳои таълимӣ ва коргоҳу корхонаҳо, инчунин, дарҳои чӯбин истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсоли дарҳои чӯбин дар ин корхона то 60 ҳазор донаро ташкил медиҳад. Қисми назарраси равандҳои истеҳсолӣ бо истифода аз дастгоҳҳои муосир анҷом дода мешавад.

Масъулини корхона нақша доранд, ки дар оянда дар шаҳру ноҳияҳои кишвар нуқтаҳои савдои худро таъсис дода, доираи пешниҳоди маҳсулотро васеъ намоянд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии Алянс мебел дар шаҳри Ваҳдат 24.10.2026

Ҳамчунин, имрӯз, 24 октябр, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд.

Нахуст, Роҳбари давлат ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли шишаи ҶДММ “Хушрӯз” бо 30 ҷойи корӣ дар деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов расман оғоз бахшиданд.

Ду иншооти дигари саноатии фосилавӣ ифтитоҳшуда корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Хушрӯз” ва корхонаи истеҳсоли ҳасиби ҶДММ “Баҳроми пурфайз” дар деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов мебошад, ки дар онҳо наздик ба 100 ҷойи кор фароҳам гардидааст.

Ҳамзамон, дар ин рӯз ифтитоҳи 5 бинои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ тариқи фосилавӣ сурат гирифт, ки дар онҳо 3040 хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Иншооти дигари соҳаи маориф муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Закия” аст, ки барои 210 кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд.

Президент дар ҳамин рӯз, ҳамчунин, дар маҳаллаи Кофиёни шаҳраки ба номи Нуъмон Розиқ маркази саломатии тиббии сутунмуҳра бо 30 кат ва дар деҳоти Баҳористон маркази нави саломатиро мавриди истифода қарор доданд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз, майдончаи варзишӣ ва ҳаммоми замонавӣ дар деҳаи Муллодавлат ва 3 майдончаи варзишии дигар барои бозии футбол дар деҳаҳои Ғешӣ, Симиганҷ ва Зарнисори шаҳри Ваҳдат тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид.

Дар идома, Сарвари давлат ба таври фосилавӣ маркази савдою хизматрасониро бо ташкили коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода доданд.

Ба иттилоъи масъулин, дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар  ҳудуди шаҳри Ваҳдат 812 иншоот ва дар доираи сафари кории Президент беш аз 35 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуд.

Сарвари давлат таъкид намудаанд, ки ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун барои фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, беҳсозии зиндагии мардум ва бедор намудани ҳисси худшиносиву ватандӯстии насли наврас мусоидати фаъол менамояд.

Ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намудани 16 иншоот дар шаҳри Ваҳдат 24.10.2026