Имрӯз, 30 сентябр, таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст лоиҳаи Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 баррасӣ шуда, гузориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Таъкид гардидааст, ки мақсад аз таҳия ва қабули Барномаи мазкур, ин баланд бардоштани сатҳи саводнокии экологии табақаҳои аҳолӣ, ташаккули арзишҳои устувори экологӣ ва малакаҳои рафтори бомасъулият дар шаҳрвандон, ҷалби ҷавонон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва корхонаҳо барои иштироки фаъолона дар татбиқи ташаббусҳои экологӣ ва тақвияти корҳои маърифатӣ мебошад.
Гуфта шудааст, ки дар барномаи таҳияшуда, ҳамчунин, ташаккули фарҳанги экологӣ ба инобат гирифта шудааст, ки яке аз масъалаҳои афзалиятноки ҳифзи муҳити зист маҳсуб меёбад.
Президент дастур доданд, ки Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи мазкур тасдиқ гардида, сохторҳои марбута аз натиҷаи корҳо ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Сипас, дар маҷлис лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи Нақшаи амали Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2028 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2029-2030 баррасӣ гардидаанд.
Президент баъди муҳокимаи масъалаҳои зикршуда барои дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои барномаҳо ба вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру тавсияҳо додаанд.
Дар фароварди маҷлис Президент таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар ва роҳбарони дигар сохторҳоро ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии супоришҳои қаблии маҷлиси Ҳукумат ва масъалаҳои имрӯза ҷалб намудаанд.
Роҳбари давлат вобаста ба масъалаҳои мубрам ва рӯзмарра, аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ба зимистони солҳои 2026-2027, захираи маводи сухт ва хурокворӣ, ҷамъоварии ҳосили боқимондаи пахта ва меваю сабзавот, кишти тирамоҳии ғалла, идома ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштаанд.





