Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти ҳамкории мақомоти корҳои дохилии кишварҳои ИДМ

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 1 октябр, бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот кардаанд.

Ба иттилоъи хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ ва таҳдидҳои нави амниятӣ баррасӣ шудаанд.

Президент гуфтаанд, Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ дар солҳои гузашта ҳамчун механизми ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии кишварҳои узв ташаккул ёфта, дар самти таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва таҳкими субот нақши муҳим дорад.

Таъкид гардидааст, ки таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир водор месозад, ки чораҳои амниятӣ минбаъд тақвият ва ҳамкории байналмилалӣ густариш ёбад.

Таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои муборизаи самаранок бо ҷинояткорӣ, бахусус шаклҳои фаромиллӣ ва муташаккили он, муҳим шумурда шудааст.

Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, қочоқи инсон ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ самти асосии фаъолияти сохторҳои марбута дониста шудааст.

Роҳбари давлат, ҳамчунин, оид ба рушди босуръати ҷиноятҳои киберӣ, истифодаи технологияҳои нави коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷониби гуруҳҳои ҷинояткор, ки боиси нигаронии хос дар паҳн кардани идеологияи радикалӣ мегардад, андешаронӣ намудаанд.

Дар ин зимн баланд бардоштани фаврияти мубодилаи иттилоот ва таъмини вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳои фаромиллӣ зарур дониста шудааст.

Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар мавзуъҳои мубрами ҳамкории сохторҳои корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардидааст.

Мулоқот бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 01.09.2026