Пажуҳандаи адолат ва сиёсат

Shared to Facebook

“Одамони мутаваллиди Мизон бори гарони зиндагиро бар дӯш мегиранд. Онҳо бо қудрати идроку ақл даҳшатноктарин тӯфони дунё – “Катрина” ва бузургтарин вулқони олам – Мауна-Лоаро хомӯш мекунанд”.

(Аз тақвими бостонии Тибет)

Олим, сиёсатшинос, муаррихи маъруф, коршиноси масоили мубрами Эрону Афғонистон ва журналисти байналмилалӣ Раҳматкарими Давлат маҳз дар моҳи Мизон, дар деҳаи Сангевни Дарвоз – зодгоҳи волидони Зардушт, ба қавли устод Салимшо Ҳалимшоҳ, дар асри ХХ ба дунё омадааст.

9 октябрро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Сукут низ айб аст. Ҳатман бародар ва устодам Раҳматкаримро ёд мекунам.

Афсӯс, ҳоло дар шифохона ҳастам ва ба компютеру интернет дастрасӣ надорам. Танҳо очерки соли 2020-ро дар бораи ин оилаи маърифатпарвар бори дигар манзури умум мекунам.

_

“ЭНСИКЛОПЕДИЯИ ОИЛА”

“Мо роҳи тӯлониро то кайҳон осон тай намудем, аммо барои вохӯрдан бо ҳамсояи нав аз кӯча гузаштан бароямон душвор аст. Мо империяҳо, муоҳадаҳои бузург ташкил мекунем, вале аз ташкили оила фаромӯш мекунем”.

(Далай Лама)

Ин иқдом баъд аз ҷустуҷӯи китоби “Энсиклопедияи ҳашаротҳои Шимол” зеҳнамро такон дод. Дар рафи китобҳо “Энсиклопедияи ҷуфтсумҳо”, “Энсиклопедияи наботот” ва боз сад Донишномаи касбиро пайдо кардам. Аммо дар бораи хурдтарин сохтори ҷомеа — оила ягон маълумотномаи энсиклопедӣ мавҷуд нест.

Дар асл, оила кӯчактарин сохтор не, балки бузургтарин сохторест, ки баъзан аз ҳадди давлату империяҳо убур мекунад. Оила ҳамон вақт сохтори ҷомеа маҳсуб мешавад, ки на барои маишат, балки барои тавлид ва камолоти наслҳо хидмат кунад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, то китоби “ Энсиклопедияи оила”-ро мураттаб намоям. Ҷилди аввали он оилаҳои эҷодкорро фаро мегирад. Зеро алҳол дар дунёи ҳунар ва эҷодкорӣ оилаҳои тифоқ, ҳамзист, ба иборае – намунавӣ, хеле каманд. Масалан, дар олами синамо ситораҳои ҳунар то ҳол танҳо Андреиан Челентано ва Клавдия Море — 56 сол, Кирк Дуглас ва Энн Байденс 62 сол, Майкл Кейн ва Шакира Кейн — 62 сол, Мерил Стрит ва Дон Гаммер — 37 сол, Самуэл Ҷексон ва Латания Ричардсон — 36 сол, Курт Расел ва Голди Хоун — 33 сол, Джейми Ли Кёртис ва Кристофер Гест — 32 сол бо ҳам зиндагӣ карда ва мекунанд.

Мо бидуни риояи тартиби алифбо, мансаб ва минтақа оилаҳои тифоқи намунавии эҷодкоронро дар ҷилди аввали “Энсиклопедияи оила” гирд меорем. Имрӯз насли наврас бояд бидонад, ки оилаҳои эҷодкор — Озарахш ва Фарзона, Абдуҷаббори Абдуғаффор ва Зулфия Атоӣ, Раҳматкарими Давлат ва Адолати Мирзо ҳам насли ояндасоз ба дунё тақдим кардаву ва ҳам бо эҷодкорӣ дастурхони маънавии мардумро ғанӣ месозанд.

_

РАҲМАТ БА АДОЛАТ ВА АДОЛАТИ РАҲМАТКАРИМ

Аслан, оилаҳои эҷодкор бештар дар пайи ҳаммаслакӣ, ҳамақидагӣ васл мешаванд. Раҳматкарими Давлат ва Адолати Мирзо аз ҳунару истеъдод, салиқаи ҳамдигар мафтун буданд, аммо на ҳамеша ҳамақида буданд. Ҳар ду дар қуллаи маъруфияти хеш низ ақида ва нуқтаи назари худро доштанд. Ва ягон бор ақида ва ормони худашонро ба дӯши ҳамдигар бор намекарданд.

Ва боз аз мушоҳидаи 12-сола пай бурдам, ки онҳо дар доғтарин муаммои зиндагӣ ва ҷомеа баҳс карда, хашму ғазаб, хушунатро истифода намебурданд. Маҳз ҳамин хислат маҳорати эҷодии онҳоро такмил медиҳаду нӯгҳои тези мушкилоти рӯзгорро суфта мекунад.

Раҳматкарим аз овони мактабхонӣ ба эҷод даст зад. Ба ибораи устод Басир Расо (Руҳашон шод бод!), дар сарзамини дилрабою биҳиштосои Дарвоз рассом шудан осон аст. Дар журналистика “вундеркинд” шудан хеле мушкил аст. Ва боз, Раҳматкарим дар деҳоти дурдаст ба воя расид.

Омӯзиш дар пойтахт ва ҳамзамон ҳамкории эҷодӣ ба нашрияҳо барои Раҳматкарим мактаби дуюм боз кард. Аллакай дар солҳои охири таҳсил ӯ чун коршинос, таҳлилгар ва муфассири амиқзеҳну дурназар шинохта шуд. Дар аксари масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тамоили сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва арзёбии ӯро қадр мекарданд.

Фосилаи байни дил додану барпо кардани оила бо духтари поктинату дилсофи куҳистонӣ хеле кутоҳ буд. Баробари барпо кардани оила сохтори эҷодии комил, бо ибораи давр, созмони эҷодии ғайримуқаррарӣ низ барпо шуд. Вақти бештари оила ба омӯзиш, баҳс ва пазироии маъруфтарин ситораҳои илму ирфони форсинажод сарф гардид. Воқеан,ҳарду дар мавқеи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи нангу номуси миллат ба як нукта такя мекарданд. Дар яке аз машваратҳои оилавӣ нияти ташкил ва таъсиси нашрияи фарогири миллӣ, минбари озоди тарғиби бедории ғурури миллӣ баррасӣ шуд. Ва он рӯз нашрияи “Миллат” ба ҷаҳони итилоот ворид гардид.

Ин нашрия мисли “Искра”-ву “Бухорои шариф” дар муддатти нашри на он қадар тӯлонӣ дар дунёи иттилоот ҷумбиш ба амал овард. Нашрияи “Миллат” ба коршиносии сиёсӣ, публисистикаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, назарсанҷии беғараз поя гузошт. Муҳимтараш, ин нашрия эҷодкорони Осиёро муттаҳид кард. Журналистони Афғонистон, Покистону Ҳиндустон дар Тоҷикистон минбари эҷодӣ ёфтанд. Идораи “Миллат” ба навъе ситоди эҷодии онҳо шуд.

Дар нашрия таҳти сарварии Адолати Мирзо Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон бо номи “Афрӯз” амал мекард. Дар тӯли даҳ сол ин ташкилот аз Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Ирон, Урупову Амрико, Канада рӯзноманигорону коршиносони сиёсиро сабақи касбӣ ёд дода, муаррифӣ мекард.

Ва дар он даврони ибтидоӣ ҳатто хонаи танги оилаи онҳо ҳамаи мусофиронро ҷо дода буд. Бояд имрӯз эътироф кунем, ки маҳз бо иқдоми Раҳматкарим ва Адолат силсилаи сафарҳои эҷодии журналистон ба Эрон, Афғонистон ва Покистон ташкил гардид.

Раҳматкарим ва Адолат дар нашрия танҳо мусоҳибаи бузургонро нашр намекарданд. Онҳо абармардони илму ирфон, сиёсатмадорони маъруф, амсоли Муъмин Қаноат, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Гулрухсор, Бозор Собир, Ҳабибулло Абдураззоқов, Шодӣ Шабдолов ба маҳфилҳои озоди эҷодӣ гирд оварда, ормонҳои рушди миллиро дар давраи ҷаҳонишавӣ ба маърази умум мегузоштанд. Ман суханони устод Муъмин Қаноатро дар яке аз ҳамоишҳо ба муносибати солгарди “Миллат” сабт намудам, ки чунин аст:

“Император Наполеон гуфта буд, ки барои ман идора кардани урдуи империя осону идора кардани гуруҳи ҳунарии як театр басо мушкил аст. Воқеан ҳам, дар таҷрибаи зиндагиям дар роҳнамоӣ ба гуруҳи эҷодӣ ба мушкилоти беҳудуд дучор шудам. Лекин Раҳматкариму Адолат имрӯз қариб сад ҳазор хонандаро идора мекунанд” (Аз суҳбат дар 5-солагии таъсиси рӯзномаи “Миллат”).

Ба вижа, нашрияи “Миллат” дар ибтидои ҳазорсолаи сеюм ҳамчун ягона силоҳи мубориза алайҳи ҷунбиши фоҷиаовари тундгароӣ ва фанатизм ҳам дар шакли сиёсӣ, мазҳабӣ ва ҳизбӣ шуҳрат касб кард. Ҳамон соли авҷи аълои эҷодӣ нашрия бори нахуст аз бозгашти фалокатбори ҷунбиши террористии “Толибон” ҳушдор дода буд. Ҳамзамон дар радифи ин набард нашрия, бахусус дар шарҳу гузоришҳои Раҳматкарими Давлат ва Адолати Мирзо усул, роҳҳои мубориза бо тундгароӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоиро ба маърази умум гузошт.

_

ШУҲРАТИ КАСБӢ ВА “ЁУМ”

Муҳимтар аз ин, нашрия ба Академияи мардумии журналистикаи муосир табдил ёфт. Дар ин мактаб журналистони маъруф Толибшоҳи Саидзода, Иршод Сулаймонӣ, Наҷмиддин Шоҳинбод ва даҳҳо журналистони ҷавон шуҳрати касбӣ пайдо карданд. Нашрия бунёдгузори танзи сиёсӣ ва ҳаҷви намакин тавассути саҳифаи “ЁУМ” буд. Ва аксари ҳаҷву мутоиботи саҳифа аз зиндагии оилаи муқаррарӣ буд. Бисёр афоризмҳо, латифаҳои саҳифа мардумӣ шуданд. Бо ибораи дигар, саҳифаҳои нашрия хониши дастаҷамъии оилавиро ба вуҷуд оварданд.

Боре ҳангоми нашри саҳифаи навбатӣ хонандае ба идора занг зада мепурсад, ки оё усули сар додани хушдоман низ имконпазир аст(?). Латифа чунин буд:

“Ду нафар дар утоқи маҳбас суҳбат мекунанд. Марди аввалӣ аз шарикаш мепурсад:

– Ака, ту барои чӣ ба маҳбас ғалтидӣ?

– Занамро сар додам.

– Ман се зан сар додам, ягон бор маро ҳабс накарданд, — бо тааҷҷуб пурсид марди аввалӣ.

– Ман занамро аз ошёнаи даҳум сар додам…”

Ҳамаи дунёи дахлу харҷи иттилоот, дар муҳити оила баррасӣ мешуд. Ман, муаллифи “Энсиклопедияи оила”, шоҳид будам, ки ин ду журналист ба мақсади тиҷорат минбарро нафурӯхтанд.

Муҳити солим, фазои тафоҳуми оилавӣ мурғи илҳомро ба парвоз ҳидоят менамояд. Ҳамзамон ин оила аз маҳалла, кӯча ва муҳиту давр ҷудо нест. Дар байни мардум чун машваратчии рӯзгор, сазовори эҳтироми умум гардидаанд. Дар ин оила мансаби сардори оила кайҳо аз байн рафтааст. Сардори оила ақлу заковат ва тасмими дастаҷамъӣ маҳсуб мешавад. Аз ин хотир, дар оила насли солим ва содиқ ба ормонҳои миллӣ ба воя мерасанд.

_

ОИЛА ВА РОҲИ НАҶОТ

Оилаи муқаррарии миллии мо ҳанӯз хеле суст ба кӯраи ташаккули шахсият ҳаракат мекунад. Рахматкариму Адолат дар муҳити оила дарси шахсиятсозӣ, дастури рушди ҳуввиятро дар мисоли талмеҳоти миллӣ амалӣ менамоянд. Боз он чиз шоистаи таҳсин аст, ки волидон ба ҳайси равоншинос фарзандонро аз қолабҳои фасоди зиндагӣ эҳтиёт намуда, дар ин самт аз хушунат, ҷазои ҷисмонӣ кор намегиранд. “Диктатура”-и оилавӣ куллан мавҷуд нест. Ин тамоили тарбиярасониро Раҳматкариму Адолат қисман аз таҷрибаи равоншиносону авастошиносони иронитабори ИМА истифода кардаанд. Таърих гувоҳ аст, ки қабл аз тарбия Спартании юнонӣ-румӣ тарбияи равонию ҷисмониро Зардушт поя гузошт. Ин ақида дар “Ахлоқи муҳсинӣ”, “Калила ва Димна”, “Насиҳатнома”-и Кайковус, осори фалсафии Ҳаким Носири Хусрав омадааст.

Волидони Раҳматкариму Адолат маҷмааи тадобири тарбиявию такмили фардияти фарзандонро на барои мактаб, кӯча ва маҳалла мекунанд. Онҳо аз ин бора ба ҷаноби Виҷдон гузориш медиҳанд.

Баъзан мо томгароёна аз таҷрибаи хуби даврони Шуравӣ ҳазар мекунем. Оила ва ҷомеа дар замони Шуравӣ пайваста дар шӯрои маҳалла ва деҳа баррасӣ мешуд. Беҳтарин оилаҳо қадрдонӣ мешуданд. Барномаҳои хеле ҷолиби оилавӣ дар садо ва симо ривоҷ ёфта буд.

Ҳоло дар ҷомеаи мо ба оила бояд аз нав ҷиддан таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ба ин кори муфид, айни замон муҳим, ашхосе мисли Раҳматкариму Адолатро бояд ҷалб кард.

Асри ХХ1 қарни заволи оила омад. Бадбахтона, дар Урупо ва умуман ҷаҳон арзишҳои оилавӣ ва мақоми зану мард чун офарандаи ҷисмонии наслро зери по партофтанд. Соли 2021, Додгоҳи адлияи Иттиҳоди Урупо қарор кард, ки ҳама кишварҳои ИУ вазифадоранд, ки волидони ҳамҷинс ва фарзандони онҳоро ҳамчун оила эътироф кунанд. Дар замони қабули ин тасмим дар бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Урупо равобити ҳамҷинсгароён қавитар гардида, хатари нобудшавии оилаи воқеиро ба вуҷуд овард. Ҳамин тамоили тундгароӣ ва дигар иштибоҳот дар оила аст, ки Ал-Қоидаҳо, ДИИШ-иҳо, толибон ба воя мерасанд.

Наҷоти оилаи муқаррарии инсонӣ, ки Худо офаридааст ва куллан дар 17 дину оини бузурги ҷаҳон чун иттиҳоди ду ҷинс — зану мард барои таваллуди инсон эътироф гардидааст, дар дасти оилаҳои намунавии даврон аст. Биёед, дастаҷамъӣ арзишҳои анъанавии оилаи миллиро ҳифз намоем. Ва қаҳрамонони ин сохтори кӯчаки ҷомеаро муаррифӣ кунем.

Наҷмиддин ШОҲИНБОД

сардабир ва мураттиби “Энсиклопедияи оила”