Қадршиносӣ: Мактабе дар Хоруғ ба номи Алишер Мирзонабот гузошта мешавад

Shared to Facebook

Номгузории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишер Мирзонабот, ки 28 сентябр аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон гардид, намунаи арҷгузориву қадршиносӣ аз хадамоти як шахсият ба Давлату Миллат аст.

Сарвари давлат зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ хотираи Алишер Мирзонаботро ба некӣ ёд намуда, ба падару модар ва наздикони ӯ бори дигар изҳори ҳамдардӣ карданд. Пешвои миллат ӯро аз ҷумлаи кадрҳое номиданд, ки садоқат ба Давлату Миллат ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаро ба сифати принсипи зиндагӣ интихоб карда буд.

“Вазифаи инсонии худ мешуморам, ки хотираи фарзанди некноми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, собиқ раиси вилоят Алишер Мирзонаботро ба некӣ ёд намоям ва ҳамдардии худро ба падару модар ва наздикону пайвандони ӯ бори дигар иброз дорам.

Шодравон Алишери Мирзонабот аз ҷумлаи кадрҳое буд, ки садоқат ба давлату миллат ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаро шиори зиндагии худ қарор дода буд”, — изҳор доштанд Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Ҳамон тавре гуфта шуд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами шаши шаҳри Хоруғ маҳз ба ба поси хизматҳои содиқонаву ватандӯстонаи шодравон Алишери Мирзонабот ба номи ӯ гузошта мешавад.

Аз ин нуқтаи назар, арҷгузорӣ ба Алишер Мирзонабот ҳамзамон арҷгузорӣ ба мафҳуми масъулияти хизматӣ мебошад. Қарори ба номи ӯ гузоштани муассисаи таълимӣ метавонад ҳамин ғояро аз насли имрӯз ба насли фардо интиқол диҳад: номи шахсе, ки садоқат ва масъулиятшиносиро шиори зиндагии худ қарор дода буд, дар муҳити таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ҳамчун як намунаи хизмати содиқона боқӣ мемонад.

Интихоби муассисаи таълимӣ низ ҷиҳати номгузорӣ аҳамияти бузург дорад. Мактаб на танҳо макони донишомӯзист. Он муҳити ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ, ҳисси масъулият ва муносибати шаҳрвандии насли наврас мебошад.

Аз ин рӯ, тасмим дар бораи номгузории чунин муассиса ба номи Алишер Мирзонабот паёми равшани тарбиявӣ дорад: хизмат ба Ватан пеш аз ҳама масъулият, садоқат ва кор барои манфиати ҷомеа аст.

Дар суханронии Президент қадршиносии фаъолияти Алишер Мирзонабот танҳо ба шахсияти ӯ маҳдуд нашуда, ҳамзамон ба натиҷаи фаъолияти роҳбарӣ ва саҳми ӯ дар раванди ободониву созандагии ВМКБ низ ишора гардид. Таъкид шуд, ки як қатор иншооте, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд шудаанд ва як қисми онҳо дар рӯзҳои сафари кории Сарвари давлат ба истифода дода шуданд, бо талошҳои ватандӯстонаи шахсии Алишер Мирзонабот амалӣ гардидаанд.

Ҷанбаи дигари муҳим дар суханронии Пешвои миллат муроҷиат ба падару модари шодравон буд. Дар сатҳи хеле баланд изҳори сипосу миннатдорӣ ба онҳо барои тарбияи чунин фарзанди содиқу ватандӯст нишон медиҳад, ки то чӣ андоза Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз фарзандони содиқу ватандӯсти худ қадр кардаву ба хизматҳои онҳо арҷ мегузорад. Президенти кишвар маҳз ба ҳамин ҷанбаи масъала таваҷҷуҳ карда, ба падару модари Алишер Мирзонабот барои тарбияи ӯ самимона сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Моҳияти аслии ин қадршиносӣ, дар ниҳоят, дар як андеша ҷамъбаст мешавад: хизмат ба давлат ва мардум арзише дорад, ки бо гузашти низ аҳамияти худро аз даст намедиҳад. Ҳамин тавр, номи Алишер Мирзонабот дар муассисаи таълимии шаҳри Хоруғ аз ин пас на танҳо як номи расмӣ, балки бахше аз хотираи ҷамъиятии Бадахшон хоҳад буд.

Ёдрас мекунем, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Хоруғ рӯзи 27 сентябр ба истифода дода шуда, барои 1048 хонанда пешбинӣ шудааст.

Довуд ИСМАТӢ

ИмрӯзNews