Имрӯз, 27 сентябр, дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои Модарро мавриди истифода қарор доданд, ки дар идомаи иқдомҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст.
Ба гуфтаи масъулин, ин боғи фарҳангию фароғатӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мақоми волои Модар, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва нақши бузурги ӯ дар тарбияи фарзандону ободии ҷомеа бунёд гардидааст. Гузоштани муҷассамаи Модар дар ин мавзеъ ифодагари эҳтироми самимӣ ба бузургтарин муқаддасоти инсонӣ маҳсуб меёбад.
Боғи навбунёд дар маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ ҷойгир аст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин боғ моҳи ноябри соли 2025 оғоз гардидааст.
Дар раванди бунёди боғ ба ободонӣ ва сабзкории он таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ҳудуди он чор суҳбаткада сохта шудааст, ки барои истироҳати сокинон ва меҳмонони шаҳр шароити муносиб фароҳам меорад.
Ҳудуди боғ пурра чароғон гардидааст.




