Дар Ашт неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 МВт ба истифода дода шуд

Shared to Facebook

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд имрӯз, 21 сентябр, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд. Нахуст дар шаҳраки Шайдон неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 мегаватт мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Гуфта мешавад, сохтмони неругоҳи фотоэлектрикии Ашт бо иқтидори 250 МВт моҳи ноябри соли 2025 аз ҷониби ҶДММ “Аён энерҷӣ” оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ пурра сохта ба истифода дода шуд. Неругоҳи мазкур дар масоҳати 793 гектар бунёд гардида, иқтидори пурраи он 250 мегаваттро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи неругоҳи офтобии Ашт корҳои сохтмонию васлкунӣ бо суръати баланд ба роҳ монда шуда, барои пайваст намудани неругоҳи нав ба низоми ягонаи энергетикии кишвар як қатор корҳои муҳимми инфрасохторӣ низ анҷом дода шудаанд.

Аз ҷумла, сохтмони хатти ҳавоии дузанҷираи 220 киловолта бо дарозии 9,8 километр аз неругоҳи мазкур то зеристгоҳи барқии 220/110/6 киловолтаи Ашт ба анҷом расонида шудааст.

Дар масири ин хат 36 поя насб гардида, барои интиқоли барқи ин неругоҳ ба низоми энергетикии кишвар заминаи зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Корҳои сохтмонии иншоот бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва чинӣ анҷом ёфта, дар раванди он беш аз 600 бинокор аз ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва мутахассисон аз Чин ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд.

Тибқи нақша, то охири соли 2026 иқтидори неругоҳи фотоэлектрикии офтобии Ашт ба 250 мегаватт расонида мешавад.

Ба гуфтаи масъулин, бо мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи офтобии Ашт манбаи истеҳсолии неруи барқ дар вилояти Суғд 61 фоиз зиёд гардид. Ин неругоҳи офтобӣ 40 дарсади талаботи вилояти Суғдро бо неруи барқ таъмин хоҳад кард.

Сарвари давлат дастур доданд, ки иловатан неругоҳҳои фотоэлектрикӣ бо иқтидори 700 мегаватт дар вилояти Суғд дар соли 2027 сохта, ба истифода дода шаванд.

Презиент барои тақвияти кори низоми энергетикии вилоят тавсия доданд, ки дастгоҳҳои захиракунандаи энергияи барқ бо иқтидори на кам аз 200 мегаватт/соат дар вилояти Суғд дар муҳлати кӯтоҳтарин мавриди истифода қарор дода шаванд. 

Ба истифода додани неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашт 21.09.2026