Эмомалӣ Раҳмон: ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Корея ба марҳилаи нав ворид мешавад

Shared to Facebook

16 сентябр дар Сеул нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” баргузор гардид, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар он иштирок ва суханронӣ кардаанд.

Зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки вусъатёбии ҳамкории мо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯза аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст.

Гуфта шудааст, ки Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” тӯли солҳои сипаригашта тавонист худро ҳамчун василаи самарабахши таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои мо нишон диҳад.

Президенти Тоҷикистон то ба сатҳи Нишасти Сарони давлатҳо расидани ин қолабро таҷассумгари талошҳои ҳадафмандона ба сӯи таъмини рушди муштарак ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ба хотири сулҳу суботи пойдор дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон номидаанд.

Сарвари давлати мо ташаббуси Ҷумҳурии Корея – “Cиёсати нави Шимолӣ”-ро василаи муҳими таҳкими пайвастагии технологии Осиёи Марказӣ бо иқтисоди пешрафтаи Корея арзёбӣ намудаанд.

“Дар ҷаҳони зудтағйирёбандае, ки бо таҳдидҳои гуногун мувоҷеҳ аст, ҳифзи сулҳу субот ҳамоно дар авлавият боқӣ мемонад”, – изҳор доштаанд Роҳбари давлат.

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани ташаббуси Тоҷикистон дар мавриди эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)” нишони эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зарурати ҳифзи сулҳу субот ҳамчун арзиши умумибашарӣ номида шудааст.

“Ҳамзамон, бар он назарем, ки талошҳои муштараки кишварҳои мо ба таҳкими асосҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мусоидат хоҳанд кард”, – иброз доштаанд Президенти Тоҷикистон.

Баҳри амиқтар кардани ҳамкории иқтисодӣ ва эҷоди занҷираҳои устувори таъминот миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея изҳори ҳавасмандӣ карда шудааст.

Зарурати муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимии замони муосир ва ҳалли мушкилиҳои глобалию минтақавӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, камбудии оби тоза, обшавии пиряхҳо, ҳамкории наздиктари кишварҳо таъкид гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намудаанд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш саҳифаи наверо дар таърихи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея боз хоҳанд кард.

Дар фароварди ҳамоиш аз рӯи натиҷаи кори он Эъломияи Сеул қабул карда шудааст.

Аз рӯи натиҷаи чорабиниҳои соҳавии саноат ва зеҳни сунъӣ, ҳамчунин, байни сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва занҷираҳои таъминот байни панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ва Ташаббуси шарикии ояндаи зеҳни сунъӣ, илм ва технологияи Корея ва Осиёи Марказӣ ба имзо расидааст.

Иштирок дар нахустин Ҳамоиши сарони давлатҳои қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” 16.09.2026