Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 3 сентябр, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва сохторҳои қудратию низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супориданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад.
Зимни суханронӣ дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Роҳбари давлат оид ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи музаффариятҳои он андешаронӣ намудаанд.
Таъкид гардидааст, ки маҳз руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба Ватан миллати моро дар марҳалаҳои гуногуни таърих аз озмоишҳои сангин сарбаландона берун овардааст.
Сарвари давлат саҳми шоистаи ҳозиринро дар роҳи ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, суботу оромии ҷомеа ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таъкид намудаанд.
Гуфта шудааст, ки дар ҳар давру замон ҳимояи Ватан, ҳифзи марзу буми он ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва қарзи пуршараф ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба вазъи мураккабу пуртазоди ҷаҳони муосир, ки таҳдиду хатарҳои гуногун, аз ҷумла терроризму экстремизм, радикализми динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вусъат гирифта истодаанд, аз афсарону сарбозон зиракии касбӣ ва хизмати содиқона талаб карда шудааст.
Президент изҳор доштаанд, ки ин вазъият аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ на танҳо сатҳи баланди касбият ва омодабошии доимӣ, балки ҷаҳонбинии васеъ, зиракии сиёсӣ ва маҳорату малакаи истифодаи технологияҳои муосирро талаб менамояд.
Зикр карда шудааст, ки ҳифзи истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа вазифаи муқаддас ва қарзи ҷавонмардии ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, хизматчиёни ҳарбӣ бояд дарк намоянд, ки иҷрои содиқонаи вазифаи хизматӣ на танҳо масъулияти касбӣ, балки қарзи виҷдонӣ ва нишонаи садоқат ба миллату давлат мебошад.
Зарур шумурда шудааст, ки баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, аз худ намудани техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои техникаву технологияҳои навин, таҳкими ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат бояд самти асосии фаъолияти ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва ҳар як хизматчии ҳарбӣ бошад.
Президент бо итминон изҳор доштаанд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланд, интизоми намунавӣ, сатҳи баланди касбият ва руҳияи устувор иҷро намуда, ба савганди ҳарбии худ содиқ мемонанд ва дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, амнияти давлат ва оромии ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд.
Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо фармони Президенти Тоҷикистон ба як гуруҳ низомиён мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо тақдим карда шудааст.
Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон бо Фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ”, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ шудаанд.
Аз ҷумла, дар ин маросим сарбозону афсарон, хизматчиёни низомӣ ва як гуруҳ собиқадорон бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Спитамен дараҷаи I, ордени Спитамен дараҷаи II, ордени Шараф дараҷаи I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, медали ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.
Бо фармони Президенти Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои махсуси навбатӣ, тахассусии навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ ба як гуруҳ хизматчиёни низомӣ” ва кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратураи Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи навбатии ҳарбии генерал-полковник, рутбаи махсуси навбатии генерал-полковники адлия, рутбаи олии генерал-полковник, рутбаи олии навбатии генерал-лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар, рутбаи махсуси навбатии генерал-лейтенант, рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2, рутбаи олии ҳарбии генерал-майори адлия, рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия, рутбаи олии ҳарбии генерал майор, рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майори адлия, рутбаи махсуси навбатии генерал-майори адлия, рутбаи олии ҳарбии генерал-майор ва рутбаи тахассусии навбатии мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаи 3 дода шудааст.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, маҳз ҷасурию далерӣ, зиракию ҳушёрӣ ва дарки баланди масъулият боис гашт, ки ин ҷавонон имрӯз аз байни ҳазорон сарбози Ватан бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гарданд.
Аз роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот талаб карда шудааст, ки бо сарбозон чун фарзандони худ муносибат намоянд. Аз онҳо кадрҳои аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаро тарбия кунанд.
Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президент бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо сарфароз шуданашон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус шодбош гуфтаанд.
Президент хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо ҳидоят намудаанд.
Дар фароварди маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Сарвари давлат изҳори итминон кардаанд, ки кормандону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, дар оянда низ барои ободонии Ватани азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, амнияти давлат ва осоишу оромии сокинони кишвар талош меварзанд.





