Маошу нафақа ва стипендияҳо дар Тоҷикистон зиёд шуд

Shared to Facebook

Аз имрӯз, 1-уми сентябр, маош ва нафақаву стипендияҳо дар Тоҷикистон аз 15 то 25% зиёд гардид. Маоши ҳадди ақал, ки қаблан 1000 сомонӣ буд, 1300 сомонӣ муайян шуд. Фармони дахлдори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 14-уми январи соли равон имзо шуда буд.

Тибқи фармони мазкур, аз 1-уми маош дар соҳаҳои алоҳида ба таври зерин боло меравад:

  • маоши кормандони кӯдакистонҳо ва мактабҳои миёна – 25%;
  • маоши кормандони коллеҷҳо, литсейҳои касбӣ-техникӣ ва донишгоҳу донишкадаву академияҳо, мактабҳои махсуси варзишӣ, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос  ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф – 20%;
  • музди кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла сартабиб, табиб, кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ – 20%;
  • маоши кормандони соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, яъне кормандони тиббӣ, маъмурӣ ва хоҷагии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, осоишгоҳҳо, литсей-интернатҳои касбии махсуси маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва дигар муассисаҳои соҳа – 20%;
  • музди кормандони китобхонаҳо, осорхонаҳо, театрҳои давлатӣ, матбуоти даврӣ, телевизиону радио ва дигар муассисаҳои соҳаи фарҳанг – 20 %;
  • маоши кормандони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, ҳукумати шаҳру ноҳияҳо -20%;
  • маоши хидматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот – 20 %;
  • нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо – на кам аз 15%. 

Ҳамчунин, маоши ҳадди ақал барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ аз 1-уми сентябр 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад. Қаблан ин меъёр 1000 сомонӣ буд.

Дар фармон гуфта шудааст, ки маблағгузории маоши зиёдшуда пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ таъмин мешавад.