Муаррифии иқтидори маъдании Тоҷикистон дар нахустин Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея

Shared to Facebook

12 август дар шаҳри Сеул нахустин Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои соҳавӣ ва ширкатҳои хусусии ду кишвар имкони ҳамкорӣ дар истихроҷ ва коркарди захираҳои маъданиро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар форум намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Сарраёсати геология, инчунин Вазорати савдо, саноат ва захираҳои Кореяи Ҷанубӣ иштирок доштанд. Дар баробари ин, намояндагони Корпоратсияи Корея оид ба барқарорсозии конҳо ва истихроҷи маъданҳо (KOMIR), Институти илмҳои геологӣ ва захираҳои минералии Корея (KIGAM), Бонки содиротии Корея ва бахши хусусии ду кишвар низ дар ҳамоиш ҳузур доштанд.

Яке аз масъалаҳои асосии форум имкони истифодаи захираҳои маъдании Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳо дар самти истихроҷи маъданҳо ва металлҳои қиматбаҳо буд.

Намояндагони Тоҷикистон имкониятҳои кишварро дар бахши маъданҳои муҳим муаррифӣ карда, ҷонибҳо масъалаи таъмини талаботи бозор ба чунин ашёи хом ва устувории занҷираҳои таъминотро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин таҷрибаи Кореяи Ҷанубӣ дар ташкили занҷираҳои таъминот ва эҷоди арзиши иловашуда муаррифӣ шуд. Ҷонибҳо имкони ҳамкорӣ дар рушди захираҳои зеризаминӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ карданд.

Қисмати муҳими форум вохӯриҳои мустақими тиҷоратӣ дар формати B2B буд. Дар онҳо намояндагони мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Пакруд”, “Талко Голд”, “Апрелевка”, “Канзи диёр”, “Анзоб”, “ШКС Тоҷикистону Чин”, “Дастрас 2011” ва “ТБЕА” бо ширкатҳои кореягӣ мулоқот карданд.

Дар ин нишастҳо масъалаи ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии ҳамкориҳои мустақим ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки истихроҷиву саноатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тоҷикистон солҳои охир барои ҷалби сармоя ба соҳаи истихроҷ ва коркарди захираҳои зеризаминӣ талош дорад. Баргузории форуми аввалини маъданҳои муҳим бо Кореяи Ҷанубӣ метавонад барои пайдо кардани шарикони нав ва ворид намудани таҷриба ва технологияҳои кореягӣ ба ин соҳа замина фароҳам кунад.

Дар маълумоти расмӣ ҳаҷми сармоягузориҳои эҳтимолӣ, арзиши лоиҳаҳои пешниҳодшуда ё созишномаҳои мушаххасе, ки дар натиҷаи мулоқотҳои B2B ба имзо расидаанд, зикр нашудааст.