Созишномаи таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Русия тасвиб шуд

Shared to Facebook

Созишномаи сармоягузорӣ барои таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Русия расман тасвиб шуд. Акнун ҷонибҳо омодаанд ба марҳилаи амалии татбиқи ин тарҳ гузаранд. Дар ин бора зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон муовини вазири саноат ва савдои Русия Роман Чекушов дар мулоқот бо вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода изҳор доштааст.

Ба гуфтаи Чекушов, барои оғози амалисозии лоиҳа тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё шудаанд.

“Метавонем бо итминон ба марҳилаи амалии таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Русия дар заминаи корхонаи мошинсозӣ гузарем. Созишномаи сармоягузорӣ тасвиб шудааст, “Харитаи роҳ” бо марҳилаҳои мушаххаси татбиқи лоиҳа ба имзо расидааст ва ширкати идоракунанда низ муайян шудааст. Ин масъулият ба зиммаи Корпоратсияи рушди Ҷумҳурии Бошқирдистон вогузор гардидааст”, — гуфтааст ӯ.

Тибқи нақша, дар марҳилаи аввал дар ҳудуди парки саноатӣ корхонаҳои саноати сабук, металлургия, мошинсозӣ ва истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ ҷойгир карда мешаванд.

Ба арзёбии мақомоти Русия, амалисозии ин тарҳ метавонад ба рушди истеҳсолот ва афзоиши гардиши савдои байни ду кишвар мусоидат кунад.

Барои ширкатҳое, ки дар ин парк фаъолият мекунанд, як қатор имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, андоз аз замин, молу мулк, фоида ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) 50 дарсад коҳиш дода мешавад. Илова бар ин, ширкатҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ низ озод хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи масъулон, ин имтиёзҳо ба ширкатҳо имкон медиҳанд, ки паркро на танҳо барои таъмини бозори Тоҷикистон бо маҳсулот, балки ҳамчун пойгоҳи истеҳсолӣ барои содирот ба кишварҳои дигар, бахусус давлатҳои Осиёи Марказӣ истифода баранд.

Лоиҳаи таъсиси парки муштараки саноатӣ дар доираи барномаи федералии Русия оид ба “Эҷоди инфрасохтори истеҳсолӣ дар хориҷ”, ки қисми лоиҳаи “Ҳамкории байналмилалӣ ва содирот” мебошад, амалӣ карда мешавад.