Аз имрӯз, 29 июл, то 1 август дар қаламрави Тоҷикистон ҳарорати ҳаво баланд мешавад, огоҳ мекунад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои дорои хусусияти пиряхӣ пешгӯӣ шуда, дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об дар назар аст.
Дар робита ба ин ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сафарҳои бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ, соҳилҳои дарёҳо ва мавзеъҳои дорои хавфи сел худдорӣ намоянд.




