Дар доираи татбиқи Қонуни нави авф, ки чанде пеш қабул гардид, 3 ҳазору 912 нафар аз муассисаҳои ислоҳӣ ва боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ба озодӣ баромадаанд. Дар байни авфшудагон 126 ноболиғ ва 53 зан ҳастанд.
Телевизиони давлатии “Тоҷикистон” дар гузориши муфассале гуфт, раванди озодсозӣ дар муассисаҳои ислоҳии Душанбе, Ваҳдат, Хуҷанд, Истаравшан ва Хоруғ сурат гирифт.
Аз ҷумла, аз маҳбаси маъруф ба “Якум советский” дар Душанбе 1036 маҳбус озод шуда, аз тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9/1 боз 225 нафар, аз ҷумла 12 зан ва 9 ноболиғ, пеш аз муҳлат ба озодӣ баромадаанд.
Дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/7 аз 418 маҳбус 62 нафар озод ва муҳлати ҷазои 232 кас кам карда шудааст.
Дар Муассисаи тарбиявии 3/12-и Душанбе, ки барои ноболиғон пешбинӣ шудааст, аз 145 маҳбус 114 нафар озод гардида, муҳлати ҷазои 31 нафари дигар коҳиш ёфтааст.
Дар шаҳри Ваҳдат аз Муассисаи ислоҳии №3/2, маъруф ба “Кирпичний”, 273 маҳбус ва аз Муассисаи ислоҳии №3/1 боз 120 нафар озод шудаанд.
Дар вилояти Суғд шумораи бештари авфшудагон ба қайд гирифта шудааст. Аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/5 дар Хуҷанд 891 маҳбус, аз ҷумла 10 шаҳрванди хориҷӣ, озод гардида, муҳлати ҷазои 1350 нафари дигар кам шудааст. Аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/3-и Хуҷанд 506 нафар ва аз тавқифгоҳи тафтишотии 9/9 60 маҳбуси дигар ба озодӣ баромадаанд.
Ҳамчунин, аз Муассисаи ислоҳии 9/5 дар Истаравшан 28 нафар ва аз муассисаи сукунатии шаҳри Хуҷанд 589 нафар аз адои минбаъдаи ҷазо озод шудаанд. Танҳо дар вилояти Суғд 41 зан ва 3 ноболиғ ба озодӣ баромадаанд.
Дар шаҳри Хоруғ низ аз тавқифгоҳи тафтишотии 9/3 ҳашт маҳбус пеш аз муҳлат озод шудаанд.
Қонуни нави авф аз бузургтарин маъракаҳои озодсозии маҳбусон дар солҳои охир маҳсуб мешавад ва татбиқи он дар муассисаҳои ислоҳии кишвар идома дорад.
___




