Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ каме поёнтар аз ҷое, ки мошини хидматии раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳамроҳи ҳамсару кӯдак ва ёвару ронандааш ба дарё сарозер шуда буд, ҷасади як мардро пайдо кардаанд.
“Дарёфти ҷасад аз ҷойи ҳодисаи нохуш, ки бар асари садамаи нақлиётӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамроҳи дигарон ба дарё сарозер шудааст, тақрибан 20 километр поёнтар дарёфт карда шуд ва шояд ба ҳодиса марбут бошад”, – омадааст дар хабарномае, ки сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи КҲФ Ориф Нозимиён якҷо бо чанд акс нашр кард.






___
КҲФ гуфтааст, ки ҳоло шахсияти ҷасади дарёфтшуда муайян мешавад.
Ба иттилоъи манбаъ, ҷасади раиси ВМКБ ва ҳамроҳонашро беш аз 200 наҷотдиҳанда дар ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеъҳо ҷустуҷӯ доранд. Қаблан гуфта мешуд, ки шумораи онҳо беш аз 100 тан аст. Корҳои ҷустуҷӯии рӯйиобӣ ва зериобӣ бо даҳҳо техника идома дорад.




