Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Бердимуҳамедов

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 июн бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлат Президенти Туркманистонро ба муносибати зодрӯзаш табрик намуда, фаъолияти сермаҳсули давлатии Бердимуҳамедовро дар роҳи таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвараш, ҳамчунин обрӯву эътибори баланди ӯро дар дохили ҷомеаи Туркманистон ва берун аз он қайд кардаанд.

Дар ин зимн, Президенти Тоҷикистон ба мардуми Туркманистон сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу намудаанд.

Ба гузориши Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, ҷонибҳо атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор анҷом дода, алоқамандии хешро ҷиҳати ғанӣ гардонидани муҳтавои онҳо бо иқдомҳои нави амалӣ иброз карданд:

“Вобаста ба ин Сарони давлатҳо аҳамияти мулоқоту музокироти сатҳи олии ҷонибҳоро дар ояндаи наздик таъкид намуданд. Президенти Туркманистон аз Сарвари давлати мо ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Туркманистон даъват ба амал оварданд. Қарор шуд, ки муҳлатҳои сафар бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад”.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.