Ҳамдардии Тоҷикистон ба мардуми Венесуэла дар робита ба заминларзаи маргбор

Shared to Facebook

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри барқияи изҳори тасаллӣ дар робита ба заминларзаи маргбор ва харобиовари рӯзи гузашта ба мардуми Венесуэла изҳори ҳамдардӣ баён кардааст.

“Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон, ҳамзамон ворид гардидани хисорот ба бинову иншоот бар  асари заминларзаи шадид дар Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла боиси тассуфи амиқи мо гардид”, — омадааст дар барқияи ВКХ Тоҷикистон.

Вазорат дар иртибот ба оқибатҳои харобиовари ин офати табиӣ ба пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми Венесуэла ҳамдардӣ ва таслият иброз намудааст.

Рӯзи гузашта дар пойтахти Венесуэла, шаҳри Каракас заминларзаи шадид рух дод, ки ба иттилои расмӣ қувваи он дар марказаш 7,2 ва 7,5 дараҷа будааст.

Тибқи охирин маълумот, ки вазири тандурустии Венесуэла хабар дод, теъдоди фавтидагони ин офат ба 235 нафар расидааст.