Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар як мулоқот бо фиристодаи махсуси президенти Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ҳамкорӣ дар масъалаи канданиҳои фоиданоки муҳими стратегиро баррасӣ кардааст.
Ба иттилоъи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ин мулоқот дар доираи Муколамаи навбатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико дар қолаби “C5+1” рӯзи 10-уми июн дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд.
Шералӣ Кабир дар мулоқот гуфтааст, мавзӯи захираҳои канданиҳои фоиданоки муҳими стратегӣ барои расидан ба ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар ва гузариш ба иқтисоди “сабз” аҳамияти стратегӣ дорад.
Вай ҳамчунин ба зарурати рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт таъкид кардааст.
Зикр гардидааст, ки Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки муҳими стратегӣ дорои иқтидори назаррас мебошад:
“Дар кишвар қариб 800 кони металлҳо ва минералҳо мавҷуд аст, ки аз ҷумлаи онҳо 100 кон дар ҳолати азхудкунӣ қарор дорад. Дар байни онҳо – литий, сурма, мис ва элементҳои нодирзаминӣ мавҷуданд”, — гуфта шудааст дар мулоқот.
Дар баробари ин, корҳои геологию ҷустуҷӯӣ танҳо дар 5 фоизи конҳо ба анҷом расонида шудаанд, ки имконоти васеъро барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар ин самт фароҳам меорад:
“Кишвари мо дорои тамоми металлҳо ва минералҳои муҳими стратегӣ мебошад, ки барои гузариш ба иқтисоди “сабз” хеле зарур мебошанд”, – гуфтааст вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

Шералӣ Кабир, ҳамчунин, зимни суханронӣ дар Муколамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико дар қолабаи “C5+1” дар бораи канданиҳои фоиданок иқтидори сармоягузорӣ ва саноатии кишварро дар самтҳои энергияи “сабз”, истихроҷи маъданҳои боарзиш ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ кардааст.
Вай гуфтааст, Тоҷикистон омода аст, ки якҷоя бо ширкатҳои пешбари байналмилалӣ коркарди маъданҳои нодирро ба роҳ монад:
“Мо на танҳо ба истихроҷи ашёи хом, балки ба ташкили истеҳсолоти муштарак, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, омода намудани мутахассисон ва рушди ҳамкориҳои илмӣ низ ҳавасманд мебошем”, – гуфтааст Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

Ба навиштаи хабаргузории “Фарғона”, дар ин ҳамоиш Серҷио Горро гуфтааст, Вашингтон қасд дорад, ки ҳамкориро бо минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ҳамчун маркази муҳими тиҷорати ҷаҳонӣ, пайвасти нақлиётӣ ва занҷирҳои устувори таъминот арзёбӣ мешавад, тақвият диҳад.
“Президент Трамп аҳамияти Осиёи Марказиро барои тиҷорати ҷаҳонӣ, пайвастагӣ ва маъданҳои муҳим дарк мекунад”, — гуфтааст вай.
Ба таъкиди ӯ, Осиёи Марказӣ муддати тӯлонӣ аз сӯи Амрико таваҷҷуҳ намешуд, вале маъмурияти Доналд Трамп қасд дорад инро тағйир диҳад.
Намояндаи Амрико гуфтааст, дар ҳамин замина Вашингтон кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамчун муттаҳидони умедбахш мешуморад ва Корпоратсияи молиявии рушди байналмилалии ИМА имконоти сармоягузорӣ дар минтақаро меомӯзад.




