Мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Бишкек

Shared to Facebook Shared to Max

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Вазири кишварии Эрон Искандар Муъминӣ зимни як мулоқот дар Бишкек масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният ва мубодилаи иттилоот баррасӣ кардаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Ин мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи навбатии вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шудааст.

Рамазон Раҳимзода ва Искандар Муъминӣ барои таҳким бахшидани ҳамкории дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният, роҳҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, инчунин ҷиноятҳои киберӣ изҳори боварӣ намудаанд.